Бонкҳои Тоҷикистон ҳамагӣ сеяки қарзи ҳукуматро баргардониданд

Душанбе. 30-юми март. ОИ «Азия-Плюс» – Мувофиқи маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ аз 140 млн. сомонии соли гузашта ҷудогардида ба хоҷагиҳои пахтакор то имрӯз бонкҳо беш аз 40 млн. сомониашро пардохтаанд. Маблағ дар ҳаҷмҳои гуногун аз ҷониби «Агроинвестбонк», «Амонатбонк», «Тоҷиксодиротбонк ва «Тоҷпромбонк» ворид гардида, то ҳанӯз «Ориёнбонк» аз ин ҳисоб маблағе пардохт накардааст. Дар ин бора […]

Пайрав Чоршанбиев


Душанбе. 30-юми март. ОИ «Азия-Плюс» – Мувофиқи маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ аз 140 млн. сомонии соли гузашта ҷудогардида ба хоҷагиҳои пахтакор то имрӯз бонкҳо беш аз 40 млн. сомониашро пардохтаанд. Маблағ дар ҳаҷмҳои гуногун аз ҷониби «Агроинвестбонк», «Амонатбонк», «Тоҷиксодиротбонк ва «Тоҷпромбонк» ворид гардида, то ҳанӯз «Ориёнбонк» аз ин ҳисоб маблағе пардохт накардааст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сардори департамент оид ба буҷаи Вазорати молияи ҶТ Нарзулло Ҳабибуллоев хабар дод.




Н.Ҳабибуллоев мегӯяд, феълан ҳукумат пешниҳоди бонкҳои тиҷоратиро бобати дароз кардани мӯҳлати қарзҳо, ки то 1-уми апрел муқаррар шудааст, мавриди барррасӣ қарор додааст.



Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи март намояндагони «Агроинвестбонк», «Ориёнбонк» ва «Тоҷпромбонк» аз Вазорати молия дархост карданд, ки мӯҳлати пардохти қарзҳои аз ҷониби ҳукумат ҷудогардида дароз карда шавад.



Дар ҳамин ҳол, аз худи бонкҳо мегӯянд, ки маблағи пардохтшуда ба Вазорати молия айни замон 46 млн. сомониро ташкил медиҳад.



Ҳамин тариқ, дар шӯъбаи маълумоту таҳлилии «Амонатбонк» гуфтанд, ба вазорат 20 млн. сомонӣ пардохтаанд, яъне 50 дарсади қарзро ҳисоббаробарӣ намудаанд.



Дар «Тоҷиксодиротбонк» изҳор доштанд, ки ҳанӯз ахири соли гузашта қарзи вазорати молия дар ҳаҷми 10 млн. сомонӣ барои хоҷагихои пахьакорро бо фоизҳояш пурра пардохт кардаанд.



Раиси раёсати «Тоҷпромбонк» Ҷамшед Зиёев зикр намуд, ки бонк аз 5 млн. сомонӣ воситаҳои барои қарз ҷудокардаи ҳукумат 2,1 млн. сомониашро баргардонидааст.



Ба «Ориёнбонк» бо ин мақсад соли гузашта вазорати молия 35 млн. сомонӣ маблағ ҷудо карда буд, вале муяссар нагардид, ки дар ин бора маълумоте дастрас гардад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.