Дар Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон президенти нав интихоб гардид

Душанбе. 30-юми март. ОИ «Азия-Плюс» – Ғиёсиддин Мироҷев президенти нави Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон интихоб гардид. Чӣ тавре ки корманди бахши иттилооти ҶҲАТ Сайидо Назаров ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар Анҷумани ғайринавбатии ҷамъият, ки рӯзи 28-уми март баргузор шуд, тавассути райъдиҳии кушод намояндаи ташкилоти ибтидоии шӯъбаи ҶХАТ дар Бадахшон, директори пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологии ҶТ, академик […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 30-юми март. ОИ «Азия-Плюс» – Ғиёсиддин Мироҷев президенти нави Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон интихоб гардид.




Чӣ тавре ки корманди бахши иттилооти ҶҲАТ Сайидо Назаров ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар Анҷумани ғайринавбатии ҷамъият, ки рӯзи 28-уми март баргузор шуд, тавассути райъдиҳии кушод намояндаи ташкилоти ибтидоии шӯъбаи ҶХАТ дар Бадахшон, директори пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологии ҶТ, академик Ғиёсиддин Мироҷев бо аксари кулли оро президенти ҷамъият интихоб карда шуд.



Ба гуфтаи С.Назаров, худи ҳамин рӯз ҷаласаи нахустини Пленуми нави ҷамъият баргузор шуда, бо пешниҳоди президенти тозаинтихоб намояндаи ҶҲАТ дар пойтахт Зайнурамо Одинаева ноиби президент интихоб шуд. Номзадии Зафар Муҳаббатов бори дигар ба мансаби дабири кулли ҷамъият тасдиқ карда шуд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.