Соҳибкорони бозори «Зарнисор» баҳри ҷустуҷӯи ҳақиқат ба Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон рӯ оварданд

Date:


Душанбе. 31-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Соҳибкорони бозори «Зарнисор» баҳри ҷустуҷӯи ҳақиқат ба Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон рӯ оварданд




Тибқи иттилои радиои «Озодӣ», қазияи бозори Зарнисор, воқеъ дар маҳаллаи Зарафшони Душанбе то дастгоҳи раёсатиҷумҳурии Тоҷикистон кашид. Ҳудуди 15 тан аз ҷумлаи раҳбарият ва тоҷирони ин бозор ҷиҳати додхоҳӣ ва изҳори норизоиятӣ аз ҳукми Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе ба дастгоҳи раёсатиҷумҳур омаданд. Қаблан, Додгоҳи иқтисодии Душанбе ҳукм карда буд, ки фаъолияти бозори Зарнисор ғайриқонунист ва он бояд баста шавад. Аммо раҳбарият ва тоҷирони ин бозор мегӯянд, тамоми асноди бозор дар мақомоти давлатӣ ва қабл аз ҳама шаҳрдории Душанбе аз қайд гузашта, ҳатто дар Нақшаи генералии шаҳр низ он ҷой дода шудааст. Дар баҳси дирӯз дар Дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ муовини шаҳрдории Душанбе, раиси ноҳияи Сино, намояндагони додситонӣ ва додгоҳи иқтисодии пойтахт ширкат доштанд. Баррасии шикояти тоҷирон аз соати 10 то 12.30 идома дошт. Аммо бидуни натиҷа барои тоҷирон анҷом ёфт. Масъулин аз сӯҳбат бо рӯзноманигорон худдорӣ карданд. Танҳо яке аз онҳо бидуни зикри номаш гуфт, ки шикояти тоҷирон бояд тибқи қонун дар Додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ шавад.



Ба гуфтаи ҳамсари роҳбари бозор Елена Миткова, дар сурати ҳалли ғайриқаноатбахши масъала, онҳо маҷбур хоҳанд шуд, ба созмонҳои байнулмилалии дифоъ аз ҳуқуқ муроҷиат намоянд. «Бозор ба мактаби таҳсилоти умумии наздики бозор кӯмак мерасонд ва ният дошт, ки барои кӯдакони бемор мактаби махсус бунёд созад, вале агар бозорро банданд, пас аз куҷо метавон барои ин маблағ пайдо кард», – гуфт ӯ.



Е.Миткова афзуд, шиносҳои ӯ аз шаҳри Рязани Русия нияти ташкили кори тиҷоратии худро дар шаҳри Душанбе доштаанд, вале пас аз чунин муносибат маблағгузории онҳо баҳри ин кор таҳти суол қарор хоҳад гирифт.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...