Дар паёми президент ба парлумон бояд посухҳо ба масоили муҳими дар ҷомеа ҷойдошта дарҷ ёфта бошанд, – назари сиёсатшинос

Душанбе. 4-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов изҳор дошт, ки паёми ҳамасолаи сарвари давлат ба парлумони ҷумҳурӣ яке аз рӯйдоди муҳим дар ҳаёти ҳар кадоме аз кишварҳо маҳсуб гардида, дар он бояд посухҳо ба масоили муҳими дар ҷомеа ҷойдошта дарҷ ёфта бошанд. «Барои Тоҷикистон мушкилоти мавҷудаи рушди […]

Виктория Наумова


Душанбе. 4-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов изҳор дошт, ки паёми ҳамасолаи сарвари давлат ба парлумони ҷумҳурӣ яке аз рӯйдоди муҳим дар ҳаёти ҳар кадоме аз кишварҳо маҳсуб гардида, дар он бояд посухҳо ба масоили муҳими дар ҷомеа ҷойдошта дарҷ ёфта бошанд. «Барои Тоҷикистон мушкилоти мавҷудаи рушди иқтисод ва шуғли аҳолӣ аз чунин масоил мебошанд», – гуфт ӯ.




П.Муллоҷонов мегӯяд, яке аз масоили муҳим – бӯҳрони молӣ, таъсири оқибатҳои он ба иқтисоди Тоҷикистон ва тадбирҳои андешидаи ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин росто аст ва мардум маҳз ба ин суол посух мехоҳад. «Масъалаи дигар – таҳияи стратегияи зиддибӯҳронии ҳукумат аст ва агар он то ҳанӯз дар ҳоли коркард қарор дошта бошад, пас дар паём воситаҳои мушаххаси раҳоӣ аз он дарҷ нахоҳанд ёфт», – изҳор дошт сиёсатшинос.



Сиёсатшинос таъкид сохт, ки маъмулан дар замони бӯҳрони иқтисодӣ ва иҷтимоӣ нақши парлумони кишварҳо ба таври назаррас боло меравад. «Гап сари он аст, ки стратегияи раҳоӣ аз бӯҳрон бидуни қабули як қатор қонунҳо ва санадҳои меъёриву ҳуқуқии мушаххас имконнопазир аст ва парлумони касбӣ дар ин ҳолат бояд ба қадри кофӣ дар қабули қарор мустақил бошад, – идома дод ӯ. – Дар ин давра намояндагони мардумӣ бояд

 

баҳри таҳия ва қабули қонунҳо ташаббус нишон диҳанд».



Ёдрас мекунем, ки президенти Тоҷикистон рӯзи 15-уми апрел бо памёи ҳамасола ба парлумони ҷумҳурӣ муроҷиат хоҳад кард.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.