Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии кӯмак ба амалиёти алайҳи минаҳо таҷлил мегардад

Дцушанбе. 4-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии кӯмак ба амалиёти алайҳи минаҳо таҷлил мегардад. Чӣ тавре ки сардори Маркази Тоҷикистон оид ба масоили минаҳо Ҷонмаҳмад Раҷабов ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, Тоҷикистон бо хатари мина бар асари даргириҳои мусаллаҳи дохилӣ дар солҳои 90-уми асри гузашта, ки аксари минтақаҳо дар қаламрави кишвар […]

Наргис Ҳамробоева


Дцушанбе. 4-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии кӯмак ба амалиёти алайҳи минаҳо таҷлил мегардад.




Чӣ тавре ки сардори Маркази Тоҷикистон оид ба масоили минаҳо Ҷонмаҳмад Раҷабов ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, Тоҷикистон бо хатари мина бар асари даргириҳои мусаллаҳи дохилӣ дар солҳои 90-уми асри гузашта, ки аксари минтақаҳо дар қаламрави кишвар мингузорӣ шуда буданд, рӯбарӯ гардид.



Соли 2004 бо дастгирии созмонҳои байнулмиалӣ ва кишварҳои мададрасон барномаи амали алайҳи минаҳои Тоҷикистон таҳия гардида, айни замон муваффақона амалӣ мегардад.



Дар давоми фаъолияти барнома қаламрави беш аз 900 деҳа таҳқиқ гардида, беш аз 2 млн. 300 ҳазор метри мураббаъ қитъаҳо тозакорӣ шуданд. Дар қитъаҳои хавфнок зиёда аз 4 ҳазор аломат гузошта шуда,ҳудуди 12 ҳазор мина ошкор ва безарар гардонида шуд.

 




Тибқи маълумоти тадқиқотӣ, ба беш аз 60 млн. метри мураббаъи қаламрави Тоҷикистон хатари мина таҳдид карда, феълан зиёда аз 17 млн. метри мураббаъи қаламрави кишвар аз минаҳо безарар гардонида нашудаанд.



Мувофиқи маълумоти пешакӣ, шурӯъ аз соли 1992 то имрӯз аз таркиши мина дар Тоҷикистон ҳудуди 800 нафар зарар дидаанд, ки қисмате аз онҳо ба ҳалокат расида, қисми дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.