Вазорати кишоварзии ҶТ аз БРО дастгирии молиявии таъсиси шӯъбаи беҳсозии сифати пахтаро дархост кард

            Душанбе. 6-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Ахири ҳафтаи гузашта дар вохӯрии вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов ва мушовир оид ба рушди соҳаҳо ва банақшагирии Бонки рушди Осиё Боб Хатсон масъалаи роҳҳои беҳбуди сифати нахи пахта дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.             Чӣ тавре ки аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 6-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Ахири ҳафтаи гузашта дар вохӯрии вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов ва мушовир оид ба рушди соҳаҳо ва банақшагирии Бонки рушди Осиё Боб Хатсон масъалаи роҳҳои беҳбуди сифати нахи пахта дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.





           

Чӣ тавре ки аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот Қ.Қосимов изҳор доштааст, ки бо дастгирии молиявии БРО шурӯъ аз оғози соли гузашта Тоҷикистон тадриҷан аз мушаххассозии сифати пахтаи ГОСТ ба


USDA


(меъёри амрикоӣ) мегузарад. Ӯ қайд кард, ки минбаъд сифатнокии нахи пахта аз ҷониби ширкати мустақили маъруфи байнулмилалӣ сурат хоҳад гирифт.




           

Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ аз он изҳори ташвиш кардааст, ки феълан на ҳамаи корхонаҳои пахтатозакунии кишвар ба талаботи меъёри ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошанд ва масоили кашонидану нигаҳдории нахи пахта низ қаноатбахш нест.




           

Дар фарҷоми вохӯрӣ Қ.Қосимов аз намояндаи БРО дархост кардааст, ки аз ҷиҳати молиявӣ ва техникӣ ба таъсиси шӯъбаи беҳсозии сифати пахта дар назди вазорат мусоидат карда шавад.




 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.