Мурофиаи додгоҳии Сӯҳроб Лангариев шурӯъ шуд

            Душанбе. 6-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон мурофиаи додгоҳии   Сӯҳроб Лангариев, бародари хурди Лангарӣ Лангариев шурӯъ шуд. Лангарӣ Лангариев дар замони ҷанги шаҳрвандӣ яке аз роҳбарони Фронти Халқии Тоҷикистон буд.             Чӣ тавре ки котиби матбуотии Додгоҳи Олии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Юсуфов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, Сӯҳроб Лангариев ба даст доштан дар […]

Наргис Ҳамробоева



           

Душанбе. 6-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон мурофиаи додгоҳии

 

Сӯҳроб Лангариев, бародари хурди Лангарӣ Лангариев шурӯъ шуд. Лангарӣ Лангариев дар замони ҷанги шаҳрвандӣ яке аз роҳбарони Фронти Халқии Тоҷикистон буд.





           

Чӣ тавре ки котиби матбуотии Додгоҳи Олии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Юсуфов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, Сӯҳроб Лангариев ба даст доштан дар содир намудани ҷиноёти марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба миқдори ниҳоят зиёд, нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ, муқобилияти мусаллаҳона ба ҳукумат ва дигар ҷиноятҳо гунаҳкор дониста мешавад. «Мурофиа пӯшида буда, таҳти раёсати муовини раиси Додгоҳи Олии ҶТ Зафар Азизов дар боздоштгоҳи муваққатии тафтишотиии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ баргузор мешавад», – гуфт ӯ.



Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти КДАМ-и ҶТ, Сӯҳроб Лангариеви 29-сола 27-уми май зимни баргузории амалиёти махсус дар шаҳри Кӯлоб, дар хонааш боздошт шудааст. Ӯ ба яке аз шабакаҳои трасмиллии интиқоли маводи мухаддир дар Тоҷикистон роҳбарӣ мекард.

 




Бино ба иттилои манбаъ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пас аз тафтиши якчанд ҳодисаҳои убури ғайриқонунии сарҳад бо мақсади паҳн кардан ва фурӯши маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон, аз пайи ҷустуҷӯи С.Лангариев шуданд. Тафтишоти пешакӣ муайян кардааст, ки дар марзи Афғонистону Тоҷикистон аз ҳисоби шаҳрвандони ҳарду кишвар гурӯҳи трансмиллии қочоқчиёни маводи мухаддир фаъолият дошт. Яке аз чунин шабакаҳои интиқоли маводи мухаддирро маҳз Сӯхроб Лангариев роҳбарӣ мекард, ки аз соли 2002 барои содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дар ҷустуҷӯ қарор дошт.



Ба ҷуз Сӯҳроб Лангариев, дар манзили зисти ӯ ҳамчунин боз чанд нафари дигар ҳамроҳони ӯ, аз ҷумла писари яке аз пешвоёни Фронти халқии Тоҷикистон Сангак Сафаров – Нурмаҳмад Сафарови 22-сола ва якчанд шаҳрванди Афғонистон низ

 

боздошт шуда буданд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.