Хизматчиёни давлатӣ эъломияҳо дар бораи даромадҳоро ба мақомоти андоз супориданд

Душанбе. 6-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Хизматчиёни давлатии Тоҷикистон эъломияҳои худ дар бораи даромадҳояшонро ба мақомоти андоз супориданд. Чӣ тавре ки мудири шӯъбаи талаботи тахассусӣ дар низоми пардохти меҳнати Раёсати хизмати давлатӣ дар назди президенти Тоҷикистон Қурбоналӣ Азизов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, барои шаҳрвандони Тоҷикистон 1-уми апрел мӯҳлати супоридани эъломияҳо дар бораи даромад ба […]

Парвина Ҳамидова


Душанбе. 6-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Хизматчиёни давлатии Тоҷикистон эъломияҳои худ дар бораи даромадҳояшонро ба мақомоти андоз супориданд.




Чӣ тавре ки мудири шӯъбаи талаботи тахассусӣ дар низоми пардохти меҳнати Раёсати хизмати давлатӣ дар назди президенти Тоҷикистон Қурбоналӣ Азизов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, барои шаҳрвандони Тоҷикистон 1-уми апрел мӯҳлати супоридани эъломияҳо дар бораи даромад ба мақомоти андоз ба охир расид.



Аммо, мегӯяд, Қ.Азизов, дар бораи то кадом андоза дақиқ ба иҷро расидани ин маърака метавон танҳо ахири моҳ маълумоти муфассал пайдо кард. «Мо мониторинг мегузаронем ва маъмулан шурӯъ аз 20-уми апрел вазорату идораҳо ва корхонаву муассисаҳо ба супоридани эъломияҳо шурӯъ мекунанд», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи Қ.Азизов,

 

соли гузашта аз шумори умумии 19400 нафар хизматчии давлатӣ ҳамагӣ 400 нафар эъломия дар бораи даромадҳоро насупорида буданд. «Раёсати хизмати давлатӣ ҳамчунин тартиби бурдани чунин ҳисоботҳоро мавриди санҷиш қарор медиҳад», – изҳор дошт вай.



Номбурда афзуд, санҷиши боэътимодии маълумоти эъломияҳо ба дӯши мақомоти дигар вогузор шудааст. «Дар сурати ҷой доштани ҳодисаҳои аз ҷониби ин ё он шахси мансабдор харидан ё сохтмони манзили зист ва ё автомашинаи гароннарх, эъломия барои санҷиш ба мақомоти ҳифзи ҳукқуқ ирсол мегардад», – гуфт Қ.Азизов.




 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.