Донишҷӯёни тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии кушоди ИМА оид ба таэквондо пирӯз гардиданд

            Душанбе. 7-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Се донишҷӯи тоҷики муқими Амрико дар ҳисоби даставии мусобиқоти қаҳрамонии кушоди ИМА оид ба таэквондо пирӯз гардиданд.             Тавре аз сарчашмаҳои мӯътамад ОИ «Азия-Плюс» огаҳӣ ёфт, дар мусобиқа ба ҷуз варзишгарони амрикоӣ, инчунин намояндагони давлатҳои Канада, Мексика, Колумбия ва Перу низ ширкат варзидаанд. Тоҷикистонро донишҷӯёни коллеҷи Майами (ИМА) […]

Хулқар Юсуфов



           

Душанбе. 7-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Се донишҷӯи тоҷики муқими Амрико дар ҳисоби даставии мусобиқоти қаҳрамонии кушоди ИМА оид ба таэквондо пирӯз гардиданд.





           

Тавре аз сарчашмаҳои мӯътамад ОИ «Азия-Плюс» огаҳӣ ёфт, дар мусобиқа ба ҷуз варзишгарони амрикоӣ, инчунин намояндагони давлатҳои Канада, Мексика, Колумбия ва Перу низ ширкат варзидаанд. Тоҷикистонро донишҷӯёни коллеҷи Майами (ИМА) Бахтовар Донизода, Парвиз Муродов ва донишҷӯи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Рустам Ӯлмасов намояндагӣ карданд.




           

Дар гурӯҳи синнусоли худ Б.Донизода ва Р.Ӯлмасов ба даври ниҳоӣ роҳ ёфта, Р.Ӯлмасов унвони қаҳрамони мутлақи ИМА оид ба таэквондоро соҳиб шуд.




           

Ёдрас мекунем, ки Рустам Ӯлмасов Тоҷикистонро дар бисёр мусобиқоти байнулмилалӣ намояндагӣ карда, айни замон дар курсҳои омӯзиши забони англисӣ дар Майами қарор дорад.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.