Душанбе. 7-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Соҳибмулкони бозори «Зарнисор»-и шаҳри Душанбе, шаҳрвандони Русия – Елена Миткова ва Ботурхон Талбаков унвонии президенти Русия Дмитрий Медведев, нахуствазири ин кишвар Владимир Путин ва муовини раиси Думаи давлатии Русия Владимр Жириновский нома ирсол дошта, аз онҳо дархост кардаанд, ки ба ҳалли масъалаи беадолатона хароб сохтани бозори «Зарнисор» дар пойтахти Тоҷикистон мусоидат намоянд.
Бозори Зарнисор, ки аз соли 1995 ба ин сӯ таъминоти яке аз маҳалҳои сераҳолии Тоҷикистонро бар дӯш доштааст, ҳанӯз моҳи сентябри соли гузашта бар асоси даъвои додситонии пойтахт бо қарори Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе баста шуда буд. Додгоҳи иқтисодии Душанбе эълом дошта буд, ки тамоми асноди бозор ғайриқонуниянд. Рӯзи 1-уми апрели соли равон мақомоти шаҳрдории пойтахт ҷиҳати ба ҳолати аввала баргардонидани бозор, яъне хароб сохтани он ба соҳибмулкони бозор 10 рӯз мӯҳлат дод. Соҳибмулкон ба Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон мурҷиат карданд. Роҳбари шӯъбаи ҳуқуқии дастгоҳ Юсуф Салимов ба онҳо тавсия дод, ки ба Суди Конститутсионӣ муроҷиат намоянд ва рӯзҳои наздик онҳо чунин ҳам карданианд.
Дар ҳамин ҳол, вакили дифои соҳибкорони бозор Шӯҳрат Қодиров мегӯяд, ахири ҳафтаи гузашта онҳо ҷиҳати ҳалли масъала ба Консулгарии генералии Русия дар Тоҷикистон муроҷиат кардаанд. «Мо умедворем, ки Русия ба шаҳрвандони худ кӯмак хоҳад расонд, зеро барои сохтмони бозори мазкур 16 млн. сомонӣ маблағгузорӣ шудааст ва мақомоти шаҳрдории пойтахт бидуни пардохти ҷубронпулӣ хостори вайрон кардани он аст», – гуфт ӯ.
Ботурхон Талбаков, масъули бозор дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ҳанӯз соли 1994 зимни вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия, сарвари давлат соҳибкорони тоҷикро даъват карда буд, ки ба ватан баргашта, дар ободонии он саҳм бигиранд. «Аммо имрӯз, ки ман баҳри рушди ватан сармоягузорӣ намудам, мехоҳанд натанҳо тиҷорати маро барҳам диҳанд, балки дар шароити бӯҳрони молӣ мардумро аз ҳазорҳо ҷойи корӣ низ маҳрум созанд», – гуфт вай.


