Қочоқбарони афғон роҳи нави интиқоли маводи мухадирро ба Русия пайдо карданд

Душанбе. 10-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Қочоқбарони афғон роҳи нави интиқоли маводи мухадирро ба Русия пайдо карданд. Тибқи маълумоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон, роҳи мазкур аз кишварҳои Шарқи Миёна оғоз гардида, сипас ба Украинаву Қафқоз ва аз он ҷо то истеъмолгарони рус мерасад. Имрӯз сардори ситоди агентии мазкур Фахриддин Ҷонмаҳмадов дар ҷамъи […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 10-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Қочоқбарони афғон роҳи нави интиқоли маводи мухадирро ба Русия пайдо карданд. Тибқи маълумоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон, роҳи мазкур аз кишварҳои Шарқи Миёна оғоз гардида, сипас ба Украинаву Қафқоз ва аз он ҷо то истеъмолгарони рус мерасад.




Имрӯз сардори ситоди агентии мазкур Фахриддин Ҷонмаҳмадов дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки соли ахир як қатор чунин далелҳо ошкор карда шуда, тамоили мазкур дар ҳоли афзоиш аст. «Соли равон низ дар Афғонистон ҳосили баланди маводи мухаддир пешгӯӣ мешавад», – гуфт ӯ.

 




Тибқи маълумоти Раёсати СММ оид ба мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, ҳарчанд дар минтақаи шимоли Афғонистон коҳиши заминҳои кишти кӯкнор ба мушоҳида расида бошад ҳам, то ҳанӯз ин кишвар дар истеҳсоли маводи мухаддир пешсаф аст.



Муовини директори агентӣ Бунафша Одинаева ҳозиринро бо вазъи мубориза бо маводи мухаддир, ки аз ҷониби мақомоти дахлдори кишвари ҳамсоя пешниҳод гардидааст, шинос намуда, гуфт, мақомоти марбутаи Афғонистон ҷиҳати мубориза бо қочоқбарон кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад. «Соли гузашта мақомоти дахлдори ин кишвар ҳудуди 300 тонна ҳашиш, наздики 280 тонна афюн, 2 тонна ҳероин, 97 кило морфин, 11 ҳазор литр ва 36 ҳазор кило прекурсорҳои гуногун ва ҳамчунин миқдори зиёди воситаҳои алоқаи навтарин ва 60 ҳазор муҳимотро мусодира кардаанд», – гуфт ӯ.



Б.Одинаева афзуд, тибқи навиштаҷот дар номгӯи маҳсулот, прекурсорҳо (маводи кимиёвӣ барои истифодаи ҳероин) ба Афғонистон аз кишварҳои Эрон, Покистон ва Чин ворид карда мешаванд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.