Дар Тоҷикистон барои сайёҳон раводиди нав ҷорӣ мегардад

Душанбе. 11-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон барои сайёҳон раводиди нав ҷорӣ карда мешавад. Тавре муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ Лочин Файзуллоев дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, шурӯъ аз 27-уми апрел мувофиқи даъвати ширкатҳои сайёҳии кишвар ба консулгарии ВКХ ва намояндагиҳои ҶТ дар хориҷи кишвар ба сайёҳон раводиди сафар […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 11-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон барои сайёҳон раводиди нав ҷорӣ карда мешавад.




Тавре муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ Лочин Файзуллоев дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, шурӯъ аз 27-уми апрел мувофиқи даъвати ширкатҳои сайёҳии кишвар ба консулгарии ВКХ ва намояндагиҳои ҶТ дар хориҷи кишвар ба сайёҳон раводиди сафар дода мешавад.



Номбурда гуфт, гузашта аз ин, тартиби сабти сайёҳон низ тағйир дода шуда, акнун сайёҳон бидуни қайд то 30 рӯз метавонанд дар Тоҷикистон ба сар баранд. «Қаблан сайёҳон барои фатҳи қуллаи кӯҳ то 6 ҳазор метр 50 $ ва бештар аз он 100 $ маблағ пардохт мекарданд, ки акнун он бекор карда шуд ва аз ин ба баъд пардохти маблағи 1 $ дар як рӯз барои будубош дар Тоҷикистон низ барҳам дода шуд», – гуфт ӯ ва афзуд, ки иқдомоти мазкур ба сайёҳон ҷиҳати сарфа намудани то 200 $ барои як маротиба сафар ба Тоҷикистон имкон фароҳам хоҳад сохт.



Зикр гардид, ки соли гузашта беш аз 400 ҳзор нафар сайёҳон аз Тоҷикистон боздид карданд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.