Раиси шаҳри Душанбе соҳибмулкони бозори «Зарнисор»-ро ба ҳузур пазируфт

Душанбе. 11-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо мақсади рӯшанӣ андохтан ба масъалаи иҷрои қарори Додгоҳи Олии иқтисодии кишвар дар бораи кӯчонидани бозори «Зарнисор» соҳибмулкони ин бозорро ба ҳузур пазируфт. Чӣ тавре ки сухангӯи раиси пойтахт Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷараёни мулоқот М.Убайдуллоев изҳор доштааст, […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 11-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо мақсади рӯшанӣ андохтан ба масъалаи иҷрои қарори Додгоҳи Олии иқтисодии кишвар дар бораи кӯчонидани бозори «Зарнисор» соҳибмулкони ин бозорро ба ҳузур пазируфт.




Чӣ тавре ки сухангӯи раиси пойтахт Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷараёни мулоқот М.Убайдуллоев изҳор доштааст, ки ҳукуматдорони шаҳр қарори додгоҳ оид ба фаъолияти минбаъдаи бозорро дастгирӣ мекунанд. «Раиси пойтахт гуфт, тибқи қарори Додгоҳи Олии иқтисодӣ, соҳибкорон бояд худашон бозорро хароб сохта, агар имконоти молиявӣ дошта бошанд, ба ҳукумати шаҳр ҷиҳати ширкат дар сохтмони иншооти ҷадид, ки тибқи нақшаи генералии шаҳр дар ҷойи бозор бунёд мегардад, муроҷиат намоянд», – изҳор дошт сухангӯи раиси пойтахт.



Ба гуфтаи Ш.Саидов, баҳри дастгирии соҳибкорони ватанӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ба мақомоти салоҳиятдори ҳукумати шаҳр супориш дод, то ки масъалаи истифодаи бинои сеошёнаи бозорро, ки сохтмони он ғайриқонунӣ дониста шуда, тибқи қарори додгоҳ, бояд кӯчонида шавад, ҳаллу фасл созанд ва дар сурати мувофиқати бино ба нақшаи генералии шаҳр, он чун маркази хизматрасонии маишӣ мавриди истифода қарор гирад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.