Соҳибкори ваҳдатӣ 70 дарсади маблағи бунёди МБГ ва корхонаи истеҳсоли сӯзишвории синтетикии арзишаш 65 млн. Евроро аз Эрон дастрас хоҳад кар

Душанбе. 15-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Соҳибкор аз шаҳри Ваҳдат Сафарбек Назаров, ки нимаи моҳи март ба президенти Тоҷикистон ваъда дода буд, ба маблағи 65 млн. Евро Маркази барқу гармидиҳӣ ва корхонаи истеҳсоли сӯзишвории синтетикӣ бунёд месозад, дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, моҳи май бо сармоягузорони Русияву Эрон гуфтушунид хоҳад кард ва […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 15-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Соҳибкор аз шаҳри Ваҳдат Сафарбек Назаров, ки нимаи моҳи март ба президенти Тоҷикистон ваъда дода буд, ба маблағи 65 млн. Евро Маркази барқу гармидиҳӣ ва корхонаи истеҳсоли сӯзишвории синтетикӣ бунёд месозад, дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, моҳи май бо сармоягузорони Русияву Эрон гуфтушунид хоҳад кард ва дар ин мулоқот имзои созишнома дар бораи сохтмони иншооти мазкур дар назар аст. «Шарикони русиягиву эронӣ ҷиҳати бунёди иншооти мазкур 70 дарсади маблағро ихтисос хоҳанд дод ва ман бояд дар муддати 10 сол онро баргардонам», – гуфт ӯ ва афзуд, ки пас аз таҳияи лоиҳа ахири сол шурӯъи корҳои сохтмонӣ ба нақша гирифта шудааст.




Ба гуфтаи С.Назаров, ки директори кони ангишти «Сайёд» дар минтақаи шарқи мамлакат аст, ба истифода додани Маркази барқу гармидиҳӣ дар арафаи таҷлили ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон пешбинӣ мешавад. Марказ аз ангишт чун сӯзишворӣ истифода хоҳад кард ва дар заминаи он корхонаи истеҳсоли сӯзишвории синтетикӣ низ бунёд карда мешавад.



Дар мавриди иқтидори истеҳсолии Маркази барқу гармидиҳӣ номбурда гуфт, он ба 420 млн. кВт/соат нерӯи барқ дар як сол баробар аст, ки ин ҳаҷм талаботи шаҳри Ваҳдатро (220 млн. кВт/соат) пурра қонеъ хоҳад кард ва нерӯи барқи боқимонда ба ноҳияҳои Файзобод ва шаҳри Душанбе интиқол дода хоҳад шуд. «Иқтидори корхонаи истеҳсоли сӯзишвории синтетикӣ ба истеҳсоли 35 ҳазор тонна бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар як сол баробар хоҳад буд», – гуфт ӯ.



Номбурда афзуд, дар марказ ва корхона оянда то 1000 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи корӣ таъмин карда мешаванд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.