Дар ҷумҳурӣ арзиши гази воридотӣ аз Ӯзбекистон боло меравад

Душанбе. 16-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷумҳурӣ барои ҳамаи истифодабарандагон аз моҳи апрел арзиши гази воридотӣ аз Ӯзбекистон ба андозаи 9,8 дарсад боло меравад. Чӣ тавре ки аз ҶСК «Тоҷиктрансгаз» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, бинобар афзоиши қурби доллари амрикоӣ, ахири моҳи феврал ҳукумат тасмим гирифтааст, арзиши газро афзун созад. Ҳамин тариқ, шурӯъ аз […]

Виктория Наумова


Душанбе. 16-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷумҳурӣ барои ҳамаи истифодабарандагон аз моҳи апрел арзиши гази воридотӣ аз Ӯзбекистон ба андозаи 9,8 дарсад боло меравад.




Чӣ тавре ки аз ҶСК «Тоҷиктрансгаз» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, бинобар афзоиши қурби доллари амрикоӣ, ахири моҳи феврал ҳукумат тасмим гирифтааст, арзиши газро афзун созад.



Ҳамин тариқ, шурӯъ аз 1-уми апрели соли ҷорӣ арзиши 1 ҳазор метри мукааби газ барои аҳолӣ беш аз 1 ҳазору 164 сомонӣ ва барои корхонаҳои бузург 1 ҳазору 079 сомониро ташкил медиҳад. «Агар ояндаи наздик қурби доллари ИМА коҳиш ёбад, мутаносибан арзиши газ низ поин хоҳад рафт», – гуфт манбаъ.



Зикр гардид, ки феълан дар як шабонарӯз ба Тоҷикистон аз кишвари ҳамсоя тақрибан 20-212 ҳазор метри мукааб газ ворид мегардад. Қарзи ҷумҳурӣ барои истифодаи газ дар назди Ӯзбекистон ба 16 млн. доллари ИМА баробар аст.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.