Оғози тамринҳои низомии кишварҳои узви СҲШ – «Норак – Антитеррор – 2009»

Душанбе. 17-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар машқгоҳи низомии Фахробод муддати ду рӯз тибқи нақшаи ягона ва қарори Шӯрои сохтори зиддитеррори кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, тамринҳои ҳарбии кишварҳои узви иттиҳод таҳти унвони «Норак-Антитеррор» баргузор мешаванд. Чӣ тавре ки сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, тамринҳо дар […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 17-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар машқгоҳи низомии Фахробод муддати ду рӯз тибқи нақшаи ягона ва қарори Шӯрои сохтори зиддитеррори кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, тамринҳои ҳарбии кишварҳои узви иттиҳод таҳти унвони «Норак-Антитеррор» баргузор мешаванд.




Чӣ тавре ки сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, тамринҳо дар ду марҳила баргузор шуда, дар он гурӯҳҳои фаврӣ ва воҳидҳои таъиноти махсуси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Чин ширкат хоҳанд варзид. «Дар тамринҳо аз қувваҳои низомии дифои ҳавоӣ, техникаи зиреҳпӯши вазнин ва аслиҳаву муҳимоти гуногун истифода хоҳад шуд», – гуфт ӯ.



Ф.Маҳмадалиев мегӯяд, ҳадаф аз баргузории тамринҳо ҳамоҳангсозии амалиёти муштараки зиддитеррористӣ, баланд бардоштани савияи тахассусии хизматчиёни ҳарбӣ, табодули таҷриба ва омодагии минбаъда ба мубориза алайҳи терроризми байнулмилалӣ ва ифротгароии сиёсӣ аст.




 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.