Бар асари бӯҳрони молӣ гумрукчиён аз ӯҳдаи иҷрои нақшаи семоҳаи аввал баромада натавонистанд

Душанбе. 17-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Бар асари бӯҳрони молӣ гумрукчиён аз ӯҳдаи иҷрои нақшаи семоҳаи аввал баромада натавонистанд. Имрӯз дар нишасти хабарӣ муовини аввали раиси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ Неъматбой Раҳматов изҳор дошт, ки ба ҷойи 475 млн. сомонии пардохтҳои пешбинишуда, дар семоҳаи аввал 357,4 млн. сомонӣ маблағҳои пардохти гумрукӣ ҷамъоварӣ карда шудааст, […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 17-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Бар асари бӯҳрони молӣ гумрукчиён аз ӯҳдаи иҷрои нақшаи семоҳаи аввал баромада натавонистанд.




Имрӯз дар нишасти хабарӣ муовини аввали раиси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ Неъматбой Раҳматов изҳор дошт, ки ба ҷойи 475 млн. сомонии пардохтҳои пешбинишуда, дар семоҳаи аввал 357,4 млн. сомонӣ маблағҳои пардохти гумрукӣ ҷамъоварӣ карда шудааст, ки 75 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.



Н.Раҳматов гуфт, ба иҷрои нақша дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ коҳиши ҳаҷми молҳои воридотӣ ва паст шудани нархи баъзе аз маҳсулот дар бозори ҷаҳонӣ таъсири манфӣ расонидааст. «Масалан, агар арзиши 1 тонна бензин соли гузашта ба 700 $ баробар буд, пас соли равон он 350 $ аст», – гуфт ӯ.



Номбурда афзуд, агар дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 18 ҳазор адад автомобил ворид гардида бошад, пас дар семоҳаи соли равон шумори он то 12 ҳазор адад камтар шуда, ба иллати он ба буҷаи давлатӣ 11 млн. сомонӣ маблағ ворид нагардид.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.