Ширкати сохтмонии АМА ҷиҳати иштирок дар амалисозии нақшаи генералии шаҳри Душанбе изҳори омодагӣ кард

            Душанбе. 17-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз меъмори яке аз ширкатҳои бонуфузи сохтмонии «Аднан Сафаранини»-и Аморати Муттаҳидаи Араб Аҳмад Сафарини дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки ширкат ба иштирок дар амалисозии нақшаи генералии шаҳри Душанбе, тайёр кардани мутахассисони ҷавон ва сармоягузорӣ ба бахши сохтмони Тоҷикистон омода аст. «Мо омодаем, ки дар ҳамаи тендерҳои эълоннамудаи […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 17-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз меъмори яке аз ширкатҳои бонуфузи сохтмонии «Аднан Сафаранини»-и Аморати Муттаҳидаи Араб Аҳмад Сафарини дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки ширкат ба иштирок дар амалисозии нақшаи генералии шаҳри Душанбе, тайёр кардани мутахассисони ҷавон ва сармоягузорӣ ба бахши сохтмони Тоҷикистон омода аст. «Мо омодаем, ки дар ҳамаи тендерҳои эълоннамудаи ҳукумати ҶТ дар бахши сохтмон ширкат варзем», – гуфт ӯ.





           

Ба қавли ӯ, чанде қабл намояндагии ширкат дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ гардид, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ нахустин намояндагӣ мебошад. «Бо намояндагони мақомоти шаҳрдории пойтахт ва тоҷирон оид ба дурнамои роҳандозии ҳамкориҳо гуфтушуниди судманд сурат гирифт», – изҳор дошт вай.




           

Тоҷири арабӣ таъкид сохт, ки мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон хеле мусоид аст ва сохтмони роҳҳо аз ҷониби ҳукумати кишвар онро барои сайёҳони хориҷӣ ҷолибтар хоҳад кард. «Фардо бо чанде аз ректорони макотиби олии ҷумҳурӣ перомуни тайёр кардани мутахассисони бахши сохтмон аз ҳисоби ҷавонони Тоҷикистон сӯҳбат хоҳам кард», – гуфт ӯ.




           

Ҳамзамон пагоҳ ӯ дар назди донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон маърӯза хоҳад кард. Бо ишора ба бӯҳрони молии ҷаҳонӣ тоҷири араб гуфт, ширкати онҳо аз он ҳеҷ хисороте набардоштааст ва «бӯҳрон муваққатӣ асту мегузарад». «Моро зарур аст, ки ба оянда бо назари нек нигарем», – афзуд А.Сафарини.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.