Бори нахуст ду корхонаи коркарди меваву сабзавот аз Тоҷикистон соҳиби гувоҳномаи мутобиқат ба меъёри байнулмилалии Низоми мудирияти бех

Душанбе. 20-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Барои нахустин бор дар минтақаи Осиёи Марказӣ ду корхонаи коркарди меваву сабзавот аз Тоҷикистон пас аз анҷоми бозраси (аудит)-и беруна соҳиби гувоҳномаи   мутобиқат ба меъёри байнулмилалии ISO 22000–Низоми мудирияти бехатарии маводи ғизоӣ гардиданд. Ин корхонаҳо ҶММ «Элита Истаравшан» ва ҶММ «Илмӣ-истеҳсолии иттифоқи Тоҷикматлубот» мебошанд ва даст ёфтанашон ба […]

root


Душанбе. 20-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Барои нахустин бор дар минтақаи Осиёи Марказӣ ду корхонаи коркарди меваву сабзавот аз Тоҷикистон пас аз анҷоми бозраси (аудит)-и беруна соҳиби гувоҳномаи

 

мутобиқат ба меъёри байнулмилалии


ISO


22000–Низоми мудирияти бехатарии маводи ғизоӣ гардиданд. Ин корхонаҳо ҶММ «Элита Истаравшан» ва ҶММ «Илмӣ-истеҳсолии иттифоқи Тоҷикматлубот» мебошанд ва даст ёфтанашон ба ин комёбӣ дар чаҳорчӯби Барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» сурат гирифт. Ин Барнома аз ҷониби Маркази байнулмилалии тиҷорат (МБТ) пиёда шуда, онро созмони СЕКО (Ҳукумати Швейтсария) маблағгузорӣ мекунад.




Бозрасии




ин




корхонаҳо




ва




додани




гувоҳнома




аз




ҷониби




ширкати



Det Norske Veritas AS (DNV,



Норвегия


)


сурат




гирифт


.


Ширкати мазкур оҷонси мустақили гувоҳномадеҳ буда, дафтари марказиаш дар кишвари Норвегия мебошад. DNV ширкати маъруфи байнулмилалӣ буда, соли 1864 таъсис ёфтааст ва дар 100 кишвари ҷаҳон 300 дафтар ва тақрибан 9000 корманд дорад. Бозрасии корхонаҳои Тоҷикистонро хонум Сапна Шукла, бозраси аршади дафтари ҳиндустонии ширкати Det Norske Veritas AS ба ӯҳда дошт.



Дар




ҷараёни




бозрасӣ




ӯҳдадориҳои




корхонаҳои




мазкур




дар




бораи




истеҳсоли




маҳсулоти




босифат




ва




барои




саломатии




истеъмолкунандагон




бехавфу




безарар




ва




татбиқи




амалии




ин




ӯҳдадориҳо




мавриди




баррасӣ




қарор




гирифтанд


.


Ҳамчунин, ҷалби роҳбарияти корхона ва кормандони он дар ҷиҳати пайваста беҳбуд бахшидани низоми мудирият ва таҳияи барномахо бо назардошти вазъи тагйирёбандаи соҳа ва

 

кафолати бехатарии маҳсулот арзёбӣ гардиданд.



Бешубҳа


,


сазовор




гаштан




ба




чунин




гувоҳномаи




байналмилалӣ




имиҷ




ва




эътибори




корхонаҳои




мазкурро




боло




бурда


,


мавқеъашонро




дар




бозор




боз




ҳам




мустаҳкамтар




мегардонад


.


Хусусан дарёфти он аз чунин як созмони бонуфузи байналмилалие чун DNV ба имиҷи ин корхонаҳо арзиши бештар зам менамояд. Бояд таъкид намуд, ки дар ҳоли ҳозир бештари маводи ғизоие, ки дар корхонаҳои коркарди меваву сабзавоти Тоҷикистон тавлид мешаванд, дар бозорҳои ҷаҳонӣ рақобатпазир нестанд, зеро онҳо ба меъёрҳои байнулмилалии бехатарии маҳсулот ва сифат чандон мутобиқат намекунанд.



Бино




бар




қавли




хонум




Намрата




Вакҳалу


,


мушовири




байнулмилалии




МБТ


,


ҷорӣ




намудани




низоми




мудирияти




бехатарии




маводи




ғизоӣ




тибқи




талаботи




меъёри



ISO 22000



ва




усули




ҲАССП


(HACCP),


яке




аз




шартҳои




аслии




иҷозаи




истеҳсол




ва




фурӯши




маводи




ғизоӣ




дар




кишварҳои




пешрафтаи




ҷаҳон




мебошад


.


Шумори ин кишварҳо рӯз ба рӯз меафзояд ва ҷорӣ намудани ин низом дар корхонаҳои истеҳсолкунандаи маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон низ зарур аст. Татбиқ намудани меъёри байнулмилалии ISO 22000 боиси боло рафтани сатҳи бехатарӣ ва сифати маҳсулот гардида, маҳсулоти корхонаро дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва маҳаллӣ бештар рақобатпазир менамояд.

 




Ҷаноби Баҳриддин Хоҷаев, муовини мудири кулли ҶММ «Илмӣ-истеҳсолии иттифоқи Тоҷикматлубот» бо қадрдонӣ аз мафоде, ки аз ҳамкорӣ бо МБТ дарёфт кардаанд, гуфт, умедвор аст, ки дарёфти гувоҳномаи


ISO




22000 имиҷи корхонаашонро ба маротиб боло бурда, эътимоди харидорон ва шариконашонро ба маҳсулоти корхона бештар месозад ва дар натиҷа, барои содироти маҳсулот ба берун аз кишвар имкониятҳои наверо фароҳам хоҳад овард.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.