Оғози кори Анҷумани хурди қазоқон дар Душанбе

            Душанбе. 20-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе Анҷумани (қурултойи) хурди қазоқони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, Эрон ва Афғонистон ба кор шурӯъ кард.             Чӣ тавре ки аз сафорати Қазоқистон дар ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, анҷумани мазкур аз ҷониби сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо созмони ҷамъиятии қазоқони «Байтерек» […]

Виктория Наумова



           

Душанбе. 20-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе Анҷумани (қурултойи) хурди қазоқони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, Эрон ва Афғонистон ба кор шурӯъ кард.





           

Чӣ тавре ки аз сафорати Қазоқистон дар ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, анҷумани мазкур аз ҷониби сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо созмони ҷамъиятии қазоқони «Байтерек» созмон дода шудааст.



Ба иттилои манбаъ, чунин чорабинӣ бори нахуст дар қаламрави кишвари Осиёи Марказӣ доир гардида, дар кори он намояндагони дисапораҳои қазоқ аз кишварҳои минтақа ва Эрону Афғонистон иштирок хоҳанд кард. «Ҳайати Қазоқистонро муовини аввали раиси Иттиҳодияи умумиҷаҳонии қазоқон Талгат Мамашев роҳбарӣ мекунад», – гуфт манбаъ.



Фардо, 21-уми апрел дар чаҳорчӯбаи баргузории чорабиниҳои анҷуман дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» бо иштироки намояндагони сохтори давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва намояндагони васоити ахбори умум мизи мудаввар созмон дода мешавад. «Ғайр аз ин, пагоҳ Т.Мамашев бо намояндагони диаспораи қазоқон дар шаҳри Қӯрғонтеппа мулоқот хоҳад орост.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.