Дар Тоҷикистон тамринҳои низомии воҳидҳои махсуси кишварҳои узви СҲШ муваффақона анҷом ёфтанд

Душанбе. 20-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳафтаи гузашта дар машқгоҳи низомии Фахробод таҳти унвони «Норак – Антитеррор» тамринҳои дурӯзаи воҳидҳои махсуси низомии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай муваффақона ба анҷом расиданд. Чӣ тавре ки сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, тамринҳо дар ду марҳила баргузор шуда, дар он […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 20-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳафтаи гузашта дар машқгоҳи низомии Фахробод таҳти унвони «Норак – Антитеррор» тамринҳои дурӯзаи воҳидҳои махсуси низомии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай муваффақона ба анҷом расиданд.




Чӣ тавре ки сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, тамринҳо дар ду марҳила баргузор шуда, дар он гурӯҳҳои фаврӣ ва воҳидҳои таъиноти махсуси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Чин бо шумули ҳазор нафар сарбозу афсар ширкат варзиданд. «Дар тамринҳо аз қувваҳои низомии дифои ҳавоӣ, техникаи зиреҳпӯши вазнин ва аслиҳаву муҳимоти гуногун истифода карда шуд», – гуфт ӯ.



Номбурда афзуд, ҳадаф аз баргузории тамринот – ноил гардидан ба роҳандозии амалиёти муштарак баҳри дифоъ аз марзи давлатӣ, боздошти ҳавопаймои марзшикан, озод кардани шахсони гаравгонгирифиташуда ва нест кардани гурӯҳҳои террористии ба қаламрави кишварҳо воридшуда мебошад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.