ҲНИТ бахшида ба ҳаёту фаъолияти Имоми Аъзам конфронс доир сохт

            Душанбе. 20-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бахшида ба ҳаёту фаъолияти Имоми Аъзам конфронс доир сохт. Дар суханронии худ раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ аз аъзои ҳизб даъват ба амал овард, ки ташаббуси сарвари давлатро пуштибонӣ намуда, дар чорабиниҳои бахшида ба Соли бузургдошти Имоми Аъзам фаъолона ширкат варзанд.             Дар ҳамин ҳол, […]

Далер Ғуфронов



           

Душанбе. 20-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бахшида ба ҳаёту фаъолияти Имоми Аъзам конфронс доир сохт. Дар суханронии худ раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ аз аъзои ҳизб даъват ба амал овард, ки ташаббуси сарвари давлатро пуштибонӣ намуда, дар чорабиниҳои бахшида ба Соли бузургдошти Имоми Аъзам фаъолона ширкат варзанд.





           

Дар ҳамин ҳол, чанде аз фаъолони ҳизб дар робита ба баргузории чорабиниҳои давлатӣ бахшида ба ин ҷашн изҳори норозигӣ карданд.




           

Дар маърӯзаи худ раиси бахши фалсафаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон Абдувоҳид Шамолов аъзои ҳизбро ба таҳаммулпазирӣ даъват карда, изҳор дошт, дар ин росто мебояд муколамаро бо ҳукуматдорон идома дод.




           

Қобили зикр аст, ки намояндагони корпусҳои дипломатии кишварҳои мусулмони муқими Тоҷикистон низ ба конфронс даъват шуда буданд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.