Рустами Эмомалӣ ба ҳайати мақомоти роҳбарии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон шомил гардид

Душанбе. 20-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл писари президенти Тоҷикистон – Рустами Эмомалӣ якдилона муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон интихоб карда шуд. Дар анҷумани IX -уми ғайринавбатии Иттифоқи ҷавонон, ки дар кори он 120 вакил аз тамоми манотиқи кишвар иштирок доштанд, инчунин раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҶТ Маликшо Неъматов раиси […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 20-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл писари президенти Тоҷикистон – Рустами Эмомалӣ якдилона муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон интихоб карда шуд.




Дар анҷумани


IX


-уми ғайринавбатии Иттифоқи ҷавонон, ки дар кори он 120 вакил аз тамоми манотиқи кишвар иштирок доштанд, инчунин раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҶТ Маликшо Неъматов раиси нави Иттифоқи ҷавонон интихоб гардид.



Ба гуфтаи раиси нави Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, интихоби Рустами Эмомалӣ ба вазифаи муовини раиси Иттифоқи ҷавонон ба таҳкими иттифоқ ва рушди фаъолияти минбаъдаи он таъсири мусбат хоҳад гузошт. Бо ишора ба ташкил кардани дастаи футболи «Истиқлол» ва иштироки муваффақонаи он дар мусобиқоти қаҳрамонии дастаҳои лигаи олии ҷумҳурӣ, М.Неъматов гуфт, ин худ таҷассумгари дастгирии соҳаи варзиш аз ҷониби Рустами Эмомалӣ аст.



М.Неъматов афзуд, Рустами Эмомалӣ хатмкунандаи факулати иқтисодиву молиявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, феълан шунавандаи Донишгоҳи давлатии Маскав аст ва дар Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ фаъолият дорад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.