Дар муқоиса бо соли гузашта дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ зиёд шуд

Душанбе. 20-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар муқоиса бо соли гузашта дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ зиёд шуд. Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар зарфи се моҳи соли равон дар маҷмӯъ, ба маблағи 386,3 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 20-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар муқоиса бо соли гузашта дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ зиёд шуд.




Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар зарфи се моҳи соли равон дар маҷмӯъ, ба маблағи 386,3 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,7 дарсад бештар мебошад.



Ба иттилои манбаъ, дар бахши рустанипарварӣ тавлиди маҳсулот ба андозаи 8,7 ва чорводорӣ ба миқдори 8,5 дарсад афзуд.



Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти вазорат, феълан дар кишвар 31 ҳазору 662 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият доранд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.