Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ бар асари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ҳашт нафар ҷони худро аз даст доданд

Душанбе. 20-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 57 ҳодисаи фавқулоддаи марбут ба офатҳои табиӣ рух доданд, ки бар асари он ҳашт нафар ҷони худро аз даст доданд. Дар нишасти хабарӣ раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ генар-майор Ҳайбулло Латифов изҳор дошт, ки маблағи зарари аз […]

Фирдавс Муртазоев


Душанбе. 20-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 57 ҳодисаи фавқулоддаи марбут ба офатҳои табиӣ рух доданд, ки бар асари он ҳашт нафар ҷони худро аз даст доданд.




Дар нишасти хабарӣ раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ генар-майор Ҳайбулло Латифов изҳор дошт, ки маблағи зарари аз офатҳои табиӣ дар ин давра расонидашуда 1 млн. 31 ҳазору 700 сомониро ташкил медиҳад. «Бар асари офатҳои табиӣ дар семоҳаи аввал 218 манзили зисти сокинон ба маблағи умумии 467 ҳазор сомонӣ зарар дида, 67-тои он комилан хароб гардид», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи ӯ, дар зарфи се моҳи соли ҷорӣ 611 ҳазору 708 нафар шаҳрвандон ба машғулиятҳои омӯзиши тарзи рафтор дар ҳолатҳои фавқулодда ҷалб гардида, бо ташаббуси Кумита дар Академияи Вазорати умури дохилии ҶТ факултаи «Муҳофизат дар ҳолатҳои фавқулодда» таъсис дода шуд ва шурӯъ аз соли ҷорӣ, 25 нафар донишҷӯ дар он таҳсил хоҳанд кард. «Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони кумита 26 амалиёти ҷустуҷӯиву наҷотдиҳӣ анҷом дода шуд», – афзуд Ҳ.Латифов.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.