Оғози кори Анҷумани хурди қазоқон дар Душанбе

Date:



           

Душанбе. 20-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе Анҷумани (қурултойи) хурди қазоқони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, Эрон ва Афғонистон ба кор шурӯъ кард.





           

Чӣ тавре ки аз сафорати Қазоқистон дар ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, анҷумани мазкур аз ҷониби сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо созмони ҷамъиятии қазоқони «Байтерек» созмон дода шудааст.



Ба иттилои манбаъ, чунин чорабинӣ бори нахуст дар қаламрави кишвари Осиёи Марказӣ доир гардида, дар кори он намояндагони дисапораҳои қазоқ аз кишварҳои минтақа ва Эрону Афғонистон иштирок хоҳанд кард. «Ҳайати Қазоқистонро муовини аввали раиси Иттиҳодияи умумиҷаҳонии қазоқон Талгат Мамашев роҳбарӣ мекунад», – гуфт манбаъ.



Фардо, 21-уми апрел дар чаҳорчӯбаи баргузории чорабиниҳои анҷуман дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» бо иштироки намояндагони сохтори давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва намояндагони васоити ахбори умум мизи мудаввар созмон дода мешавад. «Ғайр аз ин, пагоҳ Т.Мамашев бо намояндагони диаспораи қазоқон дар шаҳри Қӯрғонтеппа мулоқот хоҳад орост.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...