Дар Конибодом шурӯъ аз оғози соли ҷорӣ барои 2,1 ҳазор муҳоҷири баргашта 1,6 ҳазор ҷойи корӣ ташкил карда шуд

            Конибодом. 24-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ноҳияи Конибодом шурӯъ аз оғози соли ҷорӣ барои 2,1 ҳазор муҳоҷири меҳнатии ба ноҳия баргашта 1,6 ҳазор ҷойи корӣ ташкил карда шуд.             Чӣ тавре ки сарвари раёсати шаҳрии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират Анвар Маҳкамов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, шумори муҳоҷирони […]

Акмал Алиев



           

Конибодом. 24-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ноҳияи Конибодом шурӯъ аз оғози соли ҷорӣ барои 2,1 ҳазор муҳоҷири меҳнатии ба ноҳия баргашта 1,6 ҳазор ҷойи корӣ ташкил карда шуд.





           

Чӣ тавре ки сарвари раёсати шаҳрии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират Анвар Маҳкамов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, шумори муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар аз ноҳияи Конибодом 24 ҳазору 368 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба моҳи декабри соли гузашта ҳазор нафар камтар аст. «Шурӯъ аз оғози сол дар ноҳия аз ҳисоби мавриди истифода қарор гирифтани коргоҳҳои хурди истеҳсоли макарон, масолеҳи сохтмон, коркарди меваи хушк, таъсиси хоҷагиҳои нави деҳқонӣ ва ба соҳибкории хусусӣ машғул гардидани шаҳрвандон 1660 ҷой кории нав ташкил карда шуд», – гуфт ӯ.




           

Маҳкамов афзуд, то ахири сол дар ноҳия муҳайё сохтани 2800 ҷойи кории нав ба нақша гирифта шудааст.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...