Сармояи ҶСК «Агроинвестбонк» ба 217 млн. сомонӣ баробар шуд

Душанбе. 24-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Ба санаи 10-уми апрели соли 2009 сармояи ҶСК «Агроинвестбонк» афзуда, 217 млн. сомониро (56,5 млн. $) ташкил дод. Чӣ тавре ки аз хадамоти матбуоти бонки мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, бо афзоиши сармоя бонк имкон дорад, воситаҳои депозитиро ҷалб намуда, бо маблағи баробар ба 1,3 млрд сомонӣ амалиёти […]

Пайрав Чоршанбиев


Душанбе. 24-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Ба санаи 10-уми апрели соли 2009 сармояи ҶСК «Агроинвестбонк» афзуда, 217 млн. сомониро (56,5 млн. $) ташкил дод.




Чӣ тавре ки аз хадамоти матбуоти бонки мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, бо афзоиши сармоя бонк имкон дорад, воситаҳои депозитиро ҷалб намуда, бо маблағи баробар ба 1,3 млрд сомонӣ амалиёти фаъолона баргузор созад.



Бино ба иттилои манбаъ, маблағи умумии қарзҳои дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҷудокардаи бонк каме зиёдтар аз 120 млн. сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 58,8 фоиз камтар мебошад.



Тибқи маълумоти хадамоти матбуоти бонк, феълан ҶСК «Агроинвестбонк» дорои 61 филиал, 29 шӯъбаи алоҳидаи амалиётӣ, 53 нуқтаи додугирифт ва интиқоли маблағ, 100 нуқтаи мубодилаи асъор, 51 банкомат ва 59 нуқтаи пешниҳоди пули нақд (


POS


-терминалҳо) аст.


 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.