АНМН ҷашни 10-умин солгарди таъсисёбиашро бо баргузории конфронси байнулмилалӣ таҷлил мекунад

Date:



           

Душанбе. 27-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ ба таҷлили ҷашни 10-умин солгарди таъсисёбиаш, ки 1-уми июн баргузор мегардад, омодагӣ мегирад.





           

Чӣ тавре ки сардори ситоди агентӣ Фахриддин Ҷонмаҳмадов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар пешорӯи ҷашн, рӯзи 29-уми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе конфронси байнулмилалӣ доир мегардад, ки барои иштирок дар кори он коршиносони Маркази минтақавии иттилоотиву ҳамоҳангсозии кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо маводи мухаддир (марказаш дар шаҳри Алмаато), намояндагони ҳукуматҳои кишварҳои дигар, созмонҳои байнулмилалӣ ва корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон даъват карда шудаанд.




           

Бино ба иттилои манбаъ, ба ин муносибат ҳамчунин доир сохтани ҷамъомади тантанавӣ ба нақша гирифта шуда, дар он собиқадорони соҳа ва кормандони пешқадаму фаъоли агентӣ бо ифтихорномаву тӯҳфаҳои хотиравӣ қадронӣ карда хоҳанд шуд. «Ба ифтихори ҷашн ба табъ расидани маҷаллаи ҷашнӣ дар бораи фаъолияти Агентӣ пешбинӣ шудааст», – афзуд Ф.Ҷонмаҳмадов


 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...