Тоҷикистону ЮНИСЕФ дар ҳамдастӣ бо Комиссияи Аврупо ба татбиқи лоиҳаи коҳиши хавфи офатҳои табиӣ шурӯъ мекунанд

            Душанбе. 27-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Тоҷикистону Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар ҳамдастӣ бо департаменти гуманитарии Комиссияи Аврупо (ЕСНО) ба татбиқи лоиҳаи коҳиши хавфи офатҳои табиӣ шурӯъ мекунанд.             Чӣ тавре ки аз намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, рӯзи 24 апрел миёни Вазоарти маориф, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании […]

Наргис Ҳамробоева



           

Душанбе. 27-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Тоҷикистону Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар ҳамдастӣ бо департаменти гуманитарии Комиссияи Аврупо (ЕСНО) ба татбиқи лоиҳаи коҳиши хавфи офатҳои табиӣ шурӯъ мекунанд.





           

Чӣ тавре ки аз намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, рӯзи 24 апрел миёни Вазоарти маориф, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҶТ ва намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон бо мақсади амалисозии лоиҳа оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ дар соҳаи маориф Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Лоиҳаи мазкур дар чаҳорчӯбаи татбиқи барномаи ЕСНО оид ба омодагӣ ба офатҳои табиӣ аз ҷониби ин сохтори Комисссияи Аврупо маблағгузорӣ мегардад.




           

Дар маросими ба имзо расидани Ёддошт роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Ҳонгвей Гао изҳор дошт, ки бештар кӯдакон ба таъсири манфии офатҳои табиӣ гирифтор мегарданд, зеро онҳо ҳанӯз қобилияту таҷрибаи вокуниши зарурӣ ба онро доро нестанд. «Лоиҳаи мазкур ба ҳаёти беш аз 191 ҳазор аҳолии кишвар таъсири мусбӣ расонида, гузашта аз ин, баланд бардоштани сатҳи огаҳӣ ва вокуниши кӯдакон ба офатҳои табиӣ ба онҳо кӯмак хоҳад расонд, ки натанҳо худ, балки дигаронро низ аз хатари офатҳои табиӣ наҷот диҳанд», – гуфт роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар ҶТ.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.