Тоҷикистон воридоти барқи Туркманистону Ӯзбекистонро қатъ сохт

spot_imgspot_img

Дата:




          



Душанбе. 6-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Тоҷикистон аз 1-уми май воридоти барқи Туркманистону Ӯзбекистонро қатъ сохт. Қатъи воридоти нерӯи барқ аз ин кишварҳо ба беҳ шудани вазъи таъминоти нерӯи барқ дар дохили ҷумҳурӣ вобаста аст ва феълан ҷумҳурӣ имкон пайдо кард, ки аҳолӣ ва корхонаву муассисаҳоро мустақилона бо нерӯи барқ таъмин созад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз ШСХК «Барқи тоҷик» хабар доданд.



Бино ба иттилои манбаъ, аз 1-уми ноябри соли 2008 то 1-уми майи соли ҷорӣ аз Туркманистон тавассути низоми энергетикии Ӯзбекистон ба ҷумҳурӣ 1,072 млрд. кВт/соат нерӯи барқ ворид шудааст. Тибқи қарордоди соли 2007 миёни Тоҷикистону Туркманистон, Туркманистон ӯҳдадор шуд, ки то соли 2012 дар мавсими тирамоҳу зимистон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 1,2 млрд. кВт/соат нерӯи барқ интиқол диҳад, вале бо сабабҳои маълум интиқоли он дар моҳҳои-ноябр-декабри соли гузашта 400 млн. кВт/соатро ташкил дода, интиқоли минбаъдаи он танҳо 27-уми феврали соли ҷорӣ барқарор гардид.



Дар ҳамин ҳол, аз 27-уми феврал то 1-уми май ба Тоҷикистон 251 млн. кВт/соат нерӯи барқи Ӯзбекистон интиқол дода шудааст, ки тибқи қарордод, он бояд 300 млн. кВт/соатро ташкил медод. «Акнун Ӯзбекистон 50 млн. кВт/соат қарзи боқимондаашро бояд тирамоҳ ба Тоҷикистон баргардонад», – гуфт ӯ.



Зикр гардид, ки Тоҷикистон аз 1-уми май интиқоли нерӯи барқ ба Қазоқистонро оғоз намуд. «Дар мавсими зимистон мо аз Қазоқистон 88 млн. кВт/соат нерӯи барқ гирифта будем ва шурӯъ аз 1-уми май ҷиҳати ҳисоббаробарӣ кардани қарз ба ин кишвар ҳамарӯза 5 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол медиҳем», – афзуд манбаъ.


Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...