ВКД: Ғорати мағозаи «Вохӯрӣ» аз ҷониби фурӯшандаи «ҷабрдида» ва бародари ӯ сохтакорӣ шудааст

spot_imgspot_img

Дата:


Душанбе. 6-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Ғорати мағозаи «Вохӯрӣ» дар қисмати ҷанубу шарқии пойтахт, ки рӯзи 27-уми апрел сурат гирифта буд, аз ҷониби фурӯшандаи «ҷабрдида» ва бародари ӯ сохтакорӣ шудааст.




Тибқи иттилои расида ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҶТ, баҳри азхуд кардани 4 ҳазор доллари ИМА, ки ба соҳиби мағоза тааллуқ дошт, фурӯшандаи мағоза бо бародари худ забон як карда, ғорати шабонаро сохтакорӣ мекунанд. «Бародари фурӯшанда дастҳои ӯро баста, сипас ба бародари калонӣ занг мезанад, ки мағоза ғорат шудааст, – гуфт манбаъ. – Субҳи рӯзи дигар онҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегӯянд, ки ғоратгарон шабона бо таҳдиди истифодаи силоҳ калиди сейфро аз онҳо гирифта, 4 ҳазор доллари дар он бударо ба яғмо бурданд».



Аз рӯи ин далел нисбат ба аъмоли бародарон Акбарҷон ва Охунҷон Маҳмадҷоновҳо тибқи моддаи 346, қ.2-и КҶ ҶТ (маълумоти пешакии бардурӯғ) парвандаи ҷиноӣ боз гардид.


Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...