Дар Душанбе ҷаласаи XIII-уми Шӯрои вазирони адлияи кишварҳои узви ЕврАзЭС баргузор мешавад

Date:


Душанбе. 19-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзҳои 22-24-уми май дар шаҳри Душанбе ҷаласаи


XIII


-уми Шӯрои вазирони адлияи кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕврАзЭС) баргузор мешавад.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати адлияи ҶТ иттилоъ доданд, иштирокдорони ҷаласа ният доранд масоили марбут ба раванди ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии кишварҳои узви иттиҳодро баррасӣ намуда, роҷеъ ба рушди низоми ҳуқуқии иттиҳод тавсияву пешниҳодот таҳия созанд.



Рӯзи 24-уми май пас аз анҷоми ҷаласа нишасти матбуотӣ доир мегардад.





Маълумотнома:




Дар таърихи 10-уми октябри соли 2000 дар шаҳри Остона сарони кишварҳои Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон Шартномаи таъсиси Иттиҳоди иқтисодии Аврупо ва Осиёро (ЕврАзЭС) ба имзо расониданд, ки он муносиботи ҳамкориҳои кишварҳоро ба сатҳи сифатан нав бароварда, шаклҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии муттаҳидшавии онҳоро муайян сохт. (Аз ҷониби ҳамаи кишварҳо тасдиқ гардида, аз 30-уми майи соли 2001 дар амал ҷорӣ шуд). Феълан Белорус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Русия ва Қирғизистон ба ҳайти ЕврАзЭС шомил мебошанд. Ӯзбекистон моҳи январи соли 2006 ба иттиҳод

 

ҳамроҳ гардид, вале ахири соли 2008 эълом дошт, ки узвияти худро дар иттиҳод бозмедорад.



Молдова, Украина, Арманистон ва Бонки рушди авруосиёӣ дар назди иттиҳод мақоми нозирро доранд. Шурӯъ аз соли 2003 ЕврАзЭС дар Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун созмони байнулмилалӣ ба қайд гирифта шуда, дар Ассамблеяи Генералии СММ мақоми нозирро соҳиб гашт.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...