Дар дараи Ромит ду зан қурбони мавҷи селоб гардида, то ҳанӯз ҷасадашон пайдо нашудааст

Date:



           

Душанбе. 20-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Офатҳои табиӣ то ҳанӯз Тоҷикистонро ором намегузоранд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҶТ иттилоъ доданд, чанде қабл, тахминан соатҳои 23 бар асари боришоти шадид ба хонаи истироҳати корхонаи Роҳи оҳани Тоҷикистон дар дараи Ромит сел омад. «Ду нафар зан, ки дар ошхонаи хонаи истироҳат машғули кор буданд, қурбони сел гардиданд ва то ҳанӯз ҷасадҳои онҳо пайдо нашудааст», – гуфт манбаъ.




           

Ба иттилои манбаъ, худи ҳамон рӯз, 19-уми май боронҳои шадид боиси қисман хароб гардидани беш аз даҳҳо манзили истиқоматӣ дар ноҳияи Нуробод гардиданд. «Хушбахтона, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуд», – афзуданд дар КҲФ ва МГ ҶТ.




           


 



ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...