Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани сатҳи муносибату ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Арабистони Саудӣ изҳори омодагӣ кард

Date:




          



Душанбе. 19-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – 19 май дар доираи боздиди худ аз Арабистони Сауд


ӣ


, ки бо супориши Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон сурат мегирад, Вазири корҳои хори


ҷ


ии


ҷ


умҳур


ӣ


Ҳамрохон Зариф


ӣ


бо роҳбарияти воломақоми ин кишвар – муовини дуюми Раиси Ш


ӯ


рои вазирон Амир Ноиф ибни Абдулазиз, Вазири корҳои хори


ҷ


ӣ


Амир Сауд ал-Файсал, Вазири молия ва раиси Фонди сауд


ӣ


оид ба тараққиёт Иброҳим Абдулазиз ал-Ассоф ва раиси муассисаи хайрияи «ал-Валид ибни Талол» Амир ал-Валид ибни Талол мулоқотҳо ан


ҷ


ом дод.



Вазири корҳои хори


ҷ


ии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Ҳ. Зариф


ӣ


дар мулоқоташ бо муовини дуюми Раиси Ш


ӯ


рои вазирони Мамлакати Арабистони Сауд


ӣ


Амир Ноиф ибни Абдулазиз ҳамс


ӯ


ҳбаташро ба муносибати ба ин мансаби баланди давлат


ӣ


таъин гардиданаш табрик гуфт.



Зимни с


ӯ


ҳбат Ҳамрохон Зариф


ӣ


гуфт: «Боиси хурсандист, ки муносибатҳои


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон бо Мамлакати Арабистони Сауд


ӣ


р


ӯ


з то р


ӯ


з таҳкиму густариш меёбанд».


Ӯ


омодагии


ҷ


ониби То


ҷ


икистонро барои баланд бардоштани сатҳи муносибатҳо ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногун бо Арабистони Сауди изҳор дошт.



Вазири корҳои хори


ҷ


ии То


ҷ


икистон барои дастгирии пазироии и


ҷ


лосияи 37-и вазирони корҳои хори


ҷ


ии Созмони Конфронси ислом


ӣ


дар Душанбе соли 2010 изҳори сипос намуд. Ҳ. Зариф


ӣ


зикр кард, ки То


ҷ


икистон умедвор аст Мамлакати Арабистони Сауд


ӣ


ҳамчунин барои баргузории муваффақонаи ин и


ҷ


лосия, ки аввалин р


ӯ


йдоди бузурги ислом


ӣ


дар сатҳи баланд дар Осиёи Марказ


ӣ


ба шумор меравад, к


ӯ


маки худро дареғ нахоҳад дошт.



Муовини дуюми Раиси Ш


ӯ


рои вазирон Амир Ноиф ибни Абдулазиз ифтитоҳи Сафорати Мамлакати Арабистони Саудиро дар Душанбе қадами


ҷ


иддие дар таҳкими робитаҳои гуногун


ҷ


анбаи ду


ҷ


ониба маънидод намуд. Дар робита ба ин Ҳамрохон Зариф


ӣ


иброз дошт, ки То


ҷ


икистон омода аст то дар ин кор ба


ҷ


ониби сауд


ӣ


дар асосҳои мутақобила дар табодули бино ва ё қитъаи замин к


ӯ


мак кунад.



Дар


ҷ


араёни с


ӯ


ҳбат таъкид гардид, ки ан


ҷ


умани нахустини соҳибкорони то


ҷ


икистонию сауд


ӣ


р


ӯ


зҳои 22-23 май дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад ва он, бешубҳа, дар таҳкими муносибатҳо ва ҳамкориҳои ти


ҷ


оратию иқтисодии ду кишвар мусоидат хоҳад кард.



Ҳамрохон Зариф


ӣ


ба рушди ҳамкориҳои иқтисод


ӣ


аҳамияти хоса дода, зикр намуд, ки То


ҷ


икистон метавонад ба Арабистони Сауд


ӣ


молҳои гуногун, ба монанди меваи тару тоза, сабзавот, оби тоза, навъҳои гуногуни меваҳои хушк, асал, г


ӯ


шт ва ё моли зинда, ки дар мавсими ҳа


ҷ


дар Арабистони Сауд


ӣ


талаботи зиёд дорад, содир кунад.



Амир Ноиф ибни Абдулазиз низ ба ин мавз


ӯ


ъ тава


ҷҷ


ӯ


ҳи калон зоҳир намуда, иброз дошт, ки Мамлакати Арабистони Сауди имкон дорад дар самтҳои гуногун, аз қабили кашф ва истихро


ҷ


и нафту газ, истеҳсоли нер


ӯ


и барқ бо истифода аз та


ҷ


рибаи калони худ, тавассути ташкил кардани ширкатҳои муштарак ва ё сармоягузории мустақим ҳамкор


ӣ


намояд.



Дар идомаи ин мавз


ӯ


ъ Ҳ. Зариф


ӣ


зикр кард, ки таъмин намудани кишварҳои минтақа, аз қабили Афғонистон, Эрон ва Покистон бо барқи арзон яке аз сатҳои муҳими сиёсати Ҳукумати


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон дар соҳаи рушди барқ аст.


Ӯ


иброз дошт, ки


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон дар ҳоли ҳозир бо ин кишварҳо дар ин самт мувофиқат кардааст ва мо Арабистони Сауд


ӣ


ва сохторҳои молиявии онро барои ҳамкор


ӣ


даъват мекунем.



Ҳ. Зариф


ӣ


таъкид кард, ки То


ҷ


икистон имконоти хеле калони ҳамкориҳоро дар соҳаи сайру сайёҳ


ӣ


дорад.


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон имр


ӯ


з метавонад теъдоди зиёди сайёҳонро аз ин кишвар қабул кунад, то бо ёдгориҳои таърих


ӣ


, фарҳанг


ӣ


ва манзараҳои нотакрори табиати кишвари мо шинос шаванд.



Ҳангоми муҳокимаи мавз


ӯ


и истифодаи қувваи кор


ӣ


аз


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон дар Арабистони Сауд


ӣ


таъкид гардид, ки ин масъала миёни масъулони соҳа мавриди баррас


ӣ


қарор гирифта, дар ин бобат санади ҳамкор


ӣ


омода шудааст ва баъди ба имзо расидани он То


ҷ


икистон метавонад мутахассисони соҳаҳои гуногунро, ба монанди сохтмончиён, бинокорон, муҳандисон, духтурон, муаллимон, зироатчиён, ронандагон ва ғайра, ба Арабистони Сауд


ӣ


фиристад.



Ҳамчунин зикр шуд, ки миёни


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистону Арабистони Сауд


ӣ


то ҳол танҳо як Созишномаи умумии ҳамкор


ӣ


ба имзо расидааст.


Ҷ


онибҳо омодагии худро барои таҳия ва қабули як қатор санад барои рушду таҳкими боз ҳам бештари ҳамкориҳои мутақобилан судманд иброз намуданд. Дар ҳошияи ин маз


ӯ


ъ қайд гардид, ки То


ҷ


икистон бо


ҷ


ониби сауд


ӣ


4 лоиҳаи созишномаҳои иқтисодию ти


ҷ


орат


ӣ


, сармоягузор


ӣ


ва канорагир


ӣ


аз андозбандии дукаратаро пешкаш кардааст. Дар масъалаҳои мубориза алайҳи терроризм ва маводи мухаддир, ки То


ҷ


икистон собиқаи хуб ва имконоти фаровони ҳамкор


ӣ


дорад,


ҷ


онибҳо метавонанд ҳамкориҳои босамар дошта бошанд.



Вазири корҳои хори


ҷ


ии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон аз Муовини дуюми Раиси Ш


ӯ


рои вазирон Амир Ноиф ибни Абдулазиз таклиф ба амал овард, ки дар конфронси бахшида ба бузургдошти Имоми Аъзам Абу Ҳанифа дар Душанбе иштирок намояд. Таклиф бо камоли хушнуд


ӣ


пазируфта шуд. Дар ин бора аз Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...