Донишҷӯи яке аз мактабҳои олии шаҳри Душанбе бо маводи мухаддир боздошт гардид

Date:



           

Душанбе. 21-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде пештар кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ҳангоми фурӯши маводи мухаддир узви гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаро, ки маводи мухаддири афғониро тавассути Тоҷикистон ба кишварҳои дигари ИДМ интиқол менамуданд, боздошт намуд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи агентӣ хабар доданд, нафари боздоштгардида донишҷӯи яке аз мактабҳои олии пойтахт буда, зимни кофтукови шахсӣ аз ӯ ба миқдори 2 килову


19 грамм

маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шудааст.




           

Бино ба иттилои манбаъ, арзиши маводи мухаддири мусодирашуда дар «бозори сиёҳ» зиёда аз 1000 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...