Оқил Оқилов ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи нахуствазирони кишварҳои узви ИДМ ба Остона рафт

            Душанбе. 21-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи нахуствазирони кишварҳои узви ИДМ, ки рӯзи 22-юми май ба кор шурӯъ мекунад, ба шаҳри Остона рафт.             Тибқи маълумоти расида ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуствазирро дар ин сафар вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов ва […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 21-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи нахуствазирони кишварҳои узви ИДМ, ки рӯзи 22-юми май ба кор шурӯъ мекунад, ба шаҳри Остона рафт.





           

Тибқи маълумоти расида ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуствазирро дар ин сафар вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов ва як қатор роҳбарони вазорату идораҳои кишвар ҳамроҳӣ мекунанд.




           

Мувофиқи маълумоти ВАО-и Қазоқистон, нахуствазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Остона 18 лоиҳаи санадҳоро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Масъалаи иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии марҳилаи аввали Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ то соли 2020 дар меҳвари рӯзномаи ҷаласа қарор хоҳад дошт.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.