Дар минтақаи Кӯлоб созмонҳои хурди қарздиҳӣ бо бонкҳои бузург ба рақобат пардохтанд

Кӯлоб. 25-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Шурӯъ аз оғози сол муассисаҳои хурди қарздиҳӣ дар минтақаи Кӯлоб ба маблағи умумии 2 млн. 455 ҳазору 285 сомонӣ қарз пешниҳод карданд, ки 10 дарсади ҳаҷми умумии пешниҳоди қарзҳо дар минтақаро ташкил медиҳад. Бар пояи маълумоти манбаъ аз муассисаҳои мазкур, ин муассисаҳо ду-се соли ахир ба фаъолият шурӯъ карда, […]

Турко Дикаев


Кӯлоб. 25-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Шурӯъ аз оғози сол муассисаҳои хурди қарздиҳӣ дар минтақаи Кӯлоб ба маблағи умумии 2 млн. 455 ҳазору 285 сомонӣ қарз пешниҳод карданд, ки 10 дарсади ҳаҷми умумии пешниҳоди қарзҳо дар минтақаро ташкил медиҳад.




Бар пояи маълумоти манбаъ аз муассисаҳои мазкур, ин муассисаҳо ду-се соли ахир ба фаъолият шурӯъ карда, созмонҳои хурди қарздиҳии «Шӯрообод» дар ноҳияи Шӯрообод ва «Рушди Восеъ» дар ноҳияи Восеъ соли ҷорӣ таъсис дода шуда, ба мизоҷон ҳудуди 400 ҳазор сомонӣ қарз пешниҳод карданд. «Барои муқоиса метавон шӯъбаи «Тоҷиксодиротбонк» дар минтақаро мисол овард, ки дар зарфи 4 моҳи соли ҷорӣ ба рушди бахши кишоварзӣ ҳамагӣ 50 ҳазор сомонӣ ба мизоҷони худ қарз ҷудо кардааст», – гуфт манбаъ.



Гувоҳи миёни мардум маъруф гардидани муассисаҳои хурди қарздиҳӣ он аст, ки сандуқи қарзии ин муассисаҳо дар зарфи як сол ба андозаи 100 дарсад зиёд шудааст. «Барои намуна, муассисаи хурди қарздиҳии «Имдоди Хутал» имрӯз 972 нафар мизоҷ дорад, ки аксари шӯъбаҳои бонкҳо ин миқдор мизоҷро доро нестанд», – афзуд сарчашма.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.