Дар минтақаи ҷанубу шарқи кишвар автомашинаи КАМАЗ бо беш аз 330 кило маводи мухаддир ба ҷарӣ сарозер шуд

            Душанбе. 27-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Дар минтақаи ҷанубу шарқи кишвар автомашинаи КАМАЗ бо беш аз 330 кило маводи мухаддир ба ҷарӣ сарозер шуд.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти қудратӣ иттилоъ дод, автомашинаи мазкур бо 15 тонна биринҷ аз ноҳияи Шуғнон ба сафар баромада, бинобар аз ӯҳдаи идораи […]

Наргис Ҳамробоева



           

Душанбе. 27-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Дар минтақаи ҷанубу шарқи кишвар автомашинаи КАМАЗ бо беш аз 330 кило маводи мухаддир ба ҷарӣ сарозер шуд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти қудратӣ иттилоъ дод, автомашинаи мазкур бо 15 тонна биринҷ аз ноҳияи Шуғнон ба сафар баромада, бинобар аз ӯҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда, дар километри 39-уми роҳи мошингарди Душанбе-Норак ба ҷарии 150-метра сарозер мешавад. «Аз ҷароҳатҳои гирифта ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид», – -гуфт манбаъ.




           

Бино ба иттилои манбаъ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ба ҷойи ҳодиса ҳозиршуда аз якчанд махфигоҳи мошин ҳудуди 330 кило маводи мухаддири афюн дарёфт кардаанд. «Айни замон даст доштани ронандаи фавтида дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва узвияти ӯ дар гурӯҳҳои ҷиноятпеша муайян карда мешавад», – афзуд сарчашма.




 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.