Дар рейтинги FIFA Тоҷикистон боз як зина поён шуд

Душанбе. 4-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Тоҷикистон дар феҳрист ё рейтинги Федеросиюни байнулмилалии футбол (FIFA), ки 3-юми июн нашр шуд, байни 207 дастаи миллии кишварҳои ҷаҳон як зина поён – ба радифи 148-ум фуромад. Тоҷикистон байни 46 дастаи мунтахаби Осиё дар зинаи 24-ум мавқеъ дорад. Дар Осиёи Марказӣ бошад, Тоҷикистон пас аз Узбакистону Қазоқистон ва […]

root


Душанбе. 4-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Тоҷикистон дар феҳрист ё рейтинги Федеросиюни байнулмилалии футбол (FIFA), ки 3-юми июн нашр шуд, байни 207 дастаи миллии кишварҳои ҷаҳон як зина поён – ба радифи 148-ум фуромад.




Тоҷикистон байни 46 дастаи мунтахаби Осиё дар зинаи 24-ум мавқеъ дорад. Дар Осиёи Марказӣ бошад, Тоҷикистон пас аз Узбакистону Қазоқистон ва пеш аз Туркманистону Қирғизистон ҷойгир шудааст.



Тоҷикистон миёни 15 кишвари собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ дар зинаи 13-ум ҷой гирифтааст. Русия миёни ин кишварҳо дар ҷойи аввал ва дар феҳристи ҷаҳонӣ дар ҷои 9-ум мебошад. Укроин дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ дуввум ва дар ҷаҳон 19-ум аст. Мавқеъи дигар дастаҳои миллии кишварҳои собиқи Шӯравӣ дар феҳристи FIFA: 3. Латвия (59). 4. Литва (60). 5. Узбакистон (78). 6. Беларус (81). 7. Гурҷистон (105). 8. Молдова (106). 9. Эстония (113). 10. Арманистон (131). 11. Қазоқистон (132). 12. Озарбойҷон (140). 13. Тоҷикистон (148). 14. Туркманистон (154). 15. Қирғизистон (162).



Дар садри феҳристи FIFA дастаи миллии Испания, қаҳрамони Аврупо-2008, қарор гирифтааст. Ҳуланд дар ҷои дуввум ва Олмон дар ҷои севум мебошанд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Италия (қаҳрамони феълии ҷаҳон), Бразилия, Инглистон, Аргентина, Хорватия, Русия ва Фаронса ҷойгир шудаанд.



Дар ин феҳрист даҳ тими беҳтарини Конфедеросиюни футболи Осиё (AFC) инҳоянд: Австралия (29), Ҷопон (31), Кореяи Ҷанубӣ (46), Эрон (52), Арабистони Саъудӣ (56), Баҳрайн (70), Ироқ (77), Узбакистон (78), Уммон (80) ва Қатар (94). Дар ин бора радиои Озодӣ хабар медиҳад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.