Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия баҳри кӯмак ба Тоҷикистон 10 ҳазор тонна орд мефиристад

Душанбе. 5-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия баҳри кӯмак ба Тоҷикистон 10 ҳазор тонна орд мефиристад. Дар ин бора радиои «Садои Русия» хабар медиҳад. Қаблан хабар дода шуда буд, ки бар асари боронҳои шадиди пайдарпай ва селоба дар моҳҳои апрелу майи соли ҷорӣ, Тоҷикистон ба маблағи беш аз 100 млн. $ хисорот […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 5-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия баҳри кӯмак ба Тоҷикистон 10 ҳазор тонна орд мефиристад. Дар ин бора радиои «Садои Русия» хабар медиҳад.




Қаблан хабар дода шуда буд, ки бар асари боронҳои шадиди пайдарпай ва селоба дар моҳҳои апрелу майи соли ҷорӣ, Тоҷикистон ба маблағи беш аз 100 млн. $ хисорот бардошта, 23 нафар ҳалок шуда буданд. Қитъаҳои зиёди роҳи мошингарди ҷумҳурӣ хароб гардида, миқдори хеле зиёди заминҳои кишт зарар диданд.



Қаблан ба Тоҷикистон баҳри рафъи оқибатҳои офати табиӣ кишварҳои ҳамсояи Қирғизистону Ӯзбекистон, як қатор кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид ёрӣ расонида буданд.




 



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.