Даъвати дабири кулли СКИ баҳри кӯмак ба Тоҷикистон

Date:



           

Душанбе. 12-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дабири кулли Созмони конфронси исломӣ профессор Акмалиддин Иҳсоноғлу аз ҷаҳони ислом ва Бонки исломии рушд даъват ба амал овард, ки ба Тоҷикистон баҳри рафъи буҳрони гуманитарӣ дасти кӯмак дароз намоянд, зеро ба ин ҷумҳурӣ баҳори соли ҷорӣ бар асари боронҳои шадиди пайдарпай хисороти зиёд ворид гардид.





           

Ёдрас мекунем, ки рӯзҳои 23-25-уми май дар шаҳри Димишқ (Сурия) дар ҷараёни баргузории иҷлосияи 36-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони конфронси исломӣ, ки дар кори он вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ иштирок кард, бори нахуст даъвати кӯмак ба Тоҷикистон садо дод ва иштирокдорони иҷлосия дар ин хусус қатънома қабул карданд.




           

Тибқи қатъномаи мазкур, СКИ аз кишварҳои узви конфронс, Бонки исломии рушд ва Бунёди ҳамрайъии исломӣ дархост кард, ки ба Тоҷикистон ҷиҳати рафъи оқибатҳои офатҳои табиии чанде пеш рухдода кӯмаки башардӯстонаи таъҷилии моддӣ ва молиявӣ расонанд.




           

Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СКИ он замон ба Дабири кулли созмон муроҷиат карда, дархост намуд, ки раванди расонидани кӯмак, аз ҷумла кӯмаки молиявиро ба Тоҷикистон бо ҳукумати ин ҷумҳурӣ ҳамоҳанг созад.




           

Айни замон 57 кишвари дунё узви Созмони Конфронси исломӣ буда, шумори аҳолии кишварҳои узви созмон 1,2 млрд. нафарро ташкил медиҳад. Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз соли 1992 ба узвияти СКИ пазируфта шуд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...