С.Шарипов: Идеяи миллии Тоҷикистон – ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикист ва шахси мухолифи сохтмони нерӯгоҳи Роғун хоин аст

            Душанбе. 12-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷараёни баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи «Мушкилоти обу энергетикаи Осиёи Марказӣ: оё имкони созиш мавҷуд аст» директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сӯҳроб Шарипов изҳор дошт, ки имрӯз барои тоҷикистониён ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ ба ғояи миллӣ табдил ёфтааст ва касе мухолифи сохтмони нерӯгоҳи Роғун […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 12-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷараёни баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи


«Мушкилоти обу энергетикаи Осиёи Марказӣ: оё имкони созиш мавҷуд аст» директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сӯҳроб Шарипов изҳор дошт, ки имрӯз барои тоҷикистониён ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ ба ғояи миллӣ табдил ёфтааст ва касе мухолифи сохтмони нерӯгоҳи Роғун аст, пас ӯ хоҳ нохоҳ хоин шуморида мешавад, зеро стратегияи рушди миллии Тоҷикистонро маҳз истиқлолияти энергетикӣ таъмин месозад ва роҳи наҷоти мардуми тоҷик низ маҳз дар он ифода меёбад.





           

Ба гуфтаи ӯ, агар роҳи ҳалли мушкилоти энергетикии Тоҷикистону Қирғизистон пайдо нагардад, он метавонад ба муташанниҷии вазъи сиёсиву иҷтимоӣ оварда расонад. «Ӯзбекистон ба Тоҷикистону Қирғизистон пешниҳод месозад, ки аз сохтмони сарбандҳои бузург дар рӯдхонаҳои фаромарзӣ даст кашад, «вале ба ивази он чизи дигаре пешниҳод намекунад, ҳарчанд мардумони ин кишварҳо низ мехоҳанд дар фасли сармо аз нерӯи барқ танқисӣ надошта бошанд», – таъкид сохт ӯ.




           

С.Шарипов ба ин назар аст, ки кишварҳои минтақаро мебояд мустақилона ва бидуни дахолати миёнаравҳои хориҷӣ ин мушкилотро ҳал созанд, зеро ҳар як созмон ё кишвари хориҷие манфиати худро дар ин масоил ба назар хоҳад гирифт. «Ҳарчанд кӯшишоти қаблии мо натиҷаи назаррасе ба бор наоварда бошанд ҳам, зарур аст, тадриҷан ва зина ба зина ба наздикшавии мавқеъҳо кӯшид», – изҳор дошт вай.




           

Номбурда афзуд, роҳи раҳоӣ аз ин бунбастро мебояд ҳарчӣ зудтар пайдо кард, зеро мушкилоти обу энергетикӣ ба вазъи минтақа оқибатҳои ногувор ба бор хоҳад овард.




           

Қобили зикр аст, ки мизи мудаввар аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳ (


IWP


К) созмон дода шуда, дар кори он намояндагони сохторҳои ҳукуматии Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, созмонҳои байнулмилалии машғул ба ин масъала, коршиносони мустақил ва рӯзноманигорон ширкат меварзанд.




           

Директори Пажӯҳишгоҳи Ҷанг Ва Сулҳ дар минтақаи Осиёи Марказӣ Абахон Султоннназаров изҳор дошт, ки ба мизи мудаввар намояндагони мақомоти дахлдори Ӯзбекистону Туркманистон низ даъват шуда буданд, вале бо сабабҳои номаълум ба Душанбе наомадаанд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.