Даъвати дабири кулли СКИ баҳри кӯмак ба Тоҷикистон

            Душанбе. 12-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дабири кулли Созмони конфронси исломӣ профессор Акмалиддин Иҳсоноғлу аз ҷаҳони ислом ва Бонки исломии рушд даъват ба амал овард, ки ба Тоҷикистон баҳри рафъи буҳрони гуманитарӣ дасти кӯмак дароз намоянд, зеро ба ин ҷумҳурӣ баҳори соли ҷорӣ бар асари боронҳои шадиди пайдарпай хисороти зиёд ворид гардид.             Ёдрас […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 12-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дабири кулли Созмони конфронси исломӣ профессор Акмалиддин Иҳсоноғлу аз ҷаҳони ислом ва Бонки исломии рушд даъват ба амал овард, ки ба Тоҷикистон баҳри рафъи буҳрони гуманитарӣ дасти кӯмак дароз намоянд, зеро ба ин ҷумҳурӣ баҳори соли ҷорӣ бар асари боронҳои шадиди пайдарпай хисороти зиёд ворид гардид.





           

Ёдрас мекунем, ки рӯзҳои 23-25-уми май дар шаҳри Димишқ (Сурия) дар ҷараёни баргузории иҷлосияи 36-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони конфронси исломӣ, ки дар кори он вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ иштирок кард, бори нахуст даъвати кӯмак ба Тоҷикистон садо дод ва иштирокдорони иҷлосия дар ин хусус қатънома қабул карданд.




           

Тибқи қатъномаи мазкур, СКИ аз кишварҳои узви конфронс, Бонки исломии рушд ва Бунёди ҳамрайъии исломӣ дархост кард, ки ба Тоҷикистон ҷиҳати рафъи оқибатҳои офатҳои табиии чанде пеш рухдода кӯмаки башардӯстонаи таъҷилии моддӣ ва молиявӣ расонанд.




           

Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СКИ он замон ба Дабири кулли созмон муроҷиат карда, дархост намуд, ки раванди расонидани кӯмак, аз ҷумла кӯмаки молиявиро ба Тоҷикистон бо ҳукумати ин ҷумҳурӣ ҳамоҳанг созад.




           

Айни замон 57 кишвари дунё узви Созмони Конфронси исломӣ буда, шумори аҳолии кишварҳои узви созмон 1,2 млрд. нафарро ташкил медиҳад. Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз соли 1992 ба узвияти СКИ пазируфта шуд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.