Ҷопон баҳри мусоидат ба аҳолии ҶТ ҷиҳати омодагӣ ба обхезиҳо ва дигар офатҳои табиӣ 3 млн. $ бурс ҷудо мекунад

            Душанбе. 12-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Бунёди Ҷопон оид ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ тавассути Бонки рушди Осиё (БРО) баҳри татбиқи лоиҳаи мусоидат ба аҳолии ҶТ ҷиҳати омодагӣ ба обхезиҳо ва дигар офатҳои табиӣ 3 млн. $ бурс ҷудо мекунад.             Имрӯз дар шаҳри Душанбе оид ба амалисозии ин лоиҳа аз ҷониби вазири молияи ҶТ […]

Виктория Наумова



           

Душанбе. 12-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Бунёди Ҷопон оид ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ тавассути Бонки рушди Осиё (БРО) баҳри татбиқи лоиҳаи мусоидат ба аҳолии ҶТ ҷиҳати омодагӣ ба обхезиҳо ва дигар офатҳои табиӣ 3 млн. $ бурс ҷудо мекунад.





           

Имрӯз дар шаҳри Душанбе оид ба амалисозии ин лоиҳа аз ҷониби вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов, намояндаи доимии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон Макото Оҷиро ва ҳамоҳангсози ташкилоти фаронсавии АКТЕД дар ҶТ Раъно Мансурова созишномаи сеҷониба ба имзо расид.




           

Вазири молияи ҶТ дар ҷамъи рӯзномнигорон изҳор дошт, ки барои татбиқи лоиҳа БРО тендер эълон намуда, ташкилоти ғайриҳукуматии «АКТЕД»-и Фаронса ғолиб дониста шуд. «Лоиҳа ба пешгирӣ ва коҳиши ҳаҷми хисорот аз офатҳои табиӣ равона гардида, тӯли солҳои 2009-2012 дар 130 маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияҳои Фархор, Ҳамадонӣ, Восеъ, Панҷ ва Шӯроободи вилояти Хатлон амалӣ мегардад», – гуфт ӯ ва афзуд, ки лоиҳа аз ду ҷанбаи асосӣ – омодагии умумӣ ба офатҳои табиӣ ва ҳифзи хоҷагии ҷангал аз обхезӣ иборат аст.




           

Дар навбати худ намояндаи БРо дар ҶТ зикр кард, ки кишварҳое чун Тоҷикистон имконоти молии заруриро доро нестанд, то ҳама ҷанбаҳои барномаҳои идоракунии офатҳои табииро маблағгузорӣ намоянд. «Лоиҳаи бурсии мазкур муҳим будани ҳамкорӣ ва шарикӣ дар байни аҳолии маҳаллӣ, ҳукумат ва ташкилотҳои ғайриҳукуматиро таъкид месозад», – гуфт ӯ.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.