Дар Тоҷикистон барномаи нобуд сохтани силоҳи оташфишони сабук ва муҳимоти оддӣ ба анҷом мерасад

Душанбе. 15-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз намояндагони кишварҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ки барномаи нобуд сохтани силоҳи оташфишони сабук ва муҳимоти оддиро дар Тоҷикистон маблағгузорӣ карданд, ба Душанбе омаданд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз дафтари САҲА иттилоъ доданд, то 21-уми июн онҳо аз шаҳрҳои Хоруғ Хуҷанд, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа боздид […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 15-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз намояндагони кишварҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ки барномаи нобуд сохтани силоҳи оташфишони сабук ва муҳимоти оддиро дар Тоҷикистон маблағгузорӣ карданд, ба Душанбе омаданд.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз дафтари САҲА иттилоъ доданд, то 21-уми июн онҳо аз шаҳрҳои Хоруғ Хуҷанд, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа боздид намуда, бо ҷараёни иҷрои ин лоиҳа аз наздик шинос мешаванд. «Ҳамчунин онҳо бо фаъолияти АНМН, ВКД ҶТ низ ошно гардида, ба пойгоҳи низомии ҳавоии «Айнӣ» сафар хоҳанд кард», – гуфт манбаъ.



Бино ба иттилои манбаъ, ин сафари охирини намояндагони кишварҳои мададрасон буда, ҳамин тариқ барномаи нобуд сохтани силоҳи сабуки оташфишон ва муҳимоти оддӣ ба анҷом мерасад.



Амалисозии барномаи мазкур дар Тоҷикистон аз соли 2005 шурӯъ шуд. Тӯли ин муддат дар қаламрави ҷумҳурӣ 34 тонна силоҳ нобуд гардида, дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Хоруғ, Хуҷанд ва ноҳияи Рашт 16 анбори нигаҳдории силоҳ бунёд гардид. Дар ВКД ҶТ – 50, дар додгоҳи низомӣ – 5, дар АНМН – 6 ва дар Додситонии кулли ҷумҳурӣ – 2 хонаи нигаҳдории силоҳ аз таъмир бароварда шуда, 16 хонаи нигаҳдории силоҳи мақомоти қудратии кишвар бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Дар чаҳорчӯбаи амалисозии барнома баҳри интиқоли силоҳ аз манотиқи кишвар ду автомшинаи КАМАЗ ва дигар воситаҳои нақлиёт дастрас гардид.

 




Буҷаи барномаи САҲА оид ба нобуд сохтани силоҳи мусодирашуда дар ҶТ (солҳои 2005-2009) беш аз 2 млн. Евроро ташкил дод.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.