Боздошти гурӯҳи қочоқбари байнулмилалӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ

            Душанбе. 15-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи баргузории амалиёти «Кӯкнор-2009» амалиёти вижаи мураккаберо ба анҷом расониданд, ки дар натиҷа узви фаъоли гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаи машғул ба қочоқи маводи мухаддир ба ҳабс гирифта шуданд.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» за АНМН хабар доданд, гурӯҳ […]

Наргис Ҳамробоева



           

Душанбе. 15-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи баргузории амалиёти «Кӯкнор-2009» амалиёти вижаи мураккаберо ба анҷом расониданд, ки дар натиҷа узви фаъоли гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаи машғул ба қочоқи маводи мухаддир ба ҳабс гирифта шуданд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» за АНМН хабар доданд, гурӯҳ аз шаҳрвандони Тоҷикистону Афғонистон иборат буда, муддати тӯлонӣ ба интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва минбаъд ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказиву Русия машғул будааст.




           

Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар яке аз ноҳияиҳои наздики пойтахт қочоқбароне, ки ба шаҳри Душанбе миқдори зиёди маводли мухаддири ҳашиш оварда буданд, боздошт шуданд. «Зимни азназаргузаронии шахсии онҳо 20 баста ва сипас дар ноҳияи Фархор боз 23 бастаи дигари дорои маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид», – гуфтанд дар агентӣ.




           

Айни замон қочоқбарон боздошт гардида, ҷиҳати муайян кардани аъзои боқимондаи гурӯҳ чораҳои иловагӣ андешида мешаванд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.