Имзои Созишнома дар бораи таъсиси нерӯҳои муштараки зудамали СААД

            Душанбе. 15-уми июн. ОИ «Азия- Дар шаҳри Маскав президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ширкат варзид. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.             Тибқи иттилои интишоргардида, дар нишаст сарони кишварҳои Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон Созишнома дар бораи таъсиси нерӯҳои муштараки зудамали […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 15-уми июн. ОИ «Азия- Дар шаҳри Маскав президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ширкат варзид. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.





           

Тибқи иттилои интишоргардида, дар нишаст сарони кишварҳои Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон Созишнома дар бораи таъсиси нерӯҳои муштараки зудамали созмонро ба имзо расониданд.




           

Белорус ва Ӯзбекистон аз имзои созишномаи мазкур худдорӣ намуданд. Тибқи иттилои хабаргузориҳои Русия, иллати зери созишнома имзо нагузоштани ҳайати Белорус манъи маҳсулоти ширии ин кишвар ба Русия арзёбӣ мешавад. Ба гуфтаи президенти Русия Дмитрий Медведев, Ӯзбекистон як қатор муқаррароти созишномаро зери шубҳа гузошта, аз имзои созишнома даст кашидааст.



Тибқи иттилои хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷии мамлакат Ҳамрохон Зарифӣ, Мушовири давлатии

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, Котиби Шӯрои

 

амният Амирқул Азимов, Вазири мудофиа Шералӣ Хайруллоев, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Хайриддин Абдураҳимов ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.


Мувофиқи ахбори оҷонсиҳои иттилооти Русия, шоми дирӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай озими шаҳри Екатеринбург шуд.




Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.