Вазирони умури хориҷии Русияву Тоҷикистон масъалаҳои марбут ба сафари президенти Русия ба Тоҷикистонро баррасӣ карданд

            Душанбе. 15-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар чаҳорчӯбаи ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони умури хориҷии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри Маскав вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо ҳамтои русиягии худ Сергей Лавров мулоқот кард.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари департаменти иттилооти ВКХ ҶТ Давлат Назриев иттилоъ дод, дар мулоқот вазъ […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 15-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар чаҳорчӯбаи ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони умури хориҷии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри Маскав вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо ҳамтои русиягии худ Сергей Лавров мулоқот кард.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари департаменти иттилооти ВКХ ҶТ Давлат Назриев иттилоъ дод, дар мулоқот вазъ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои афзалиятнок, масоили татбиқи қарордодҳои дуҷонибае, ки зимни сафари кории президенти Тоҷикистон ба Русия моҳи феврали соли ҷорӣ ба тасвиб расида буданд, мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. «Ҷонибҳо ҳамчунин ба масъалаи сафари кории қарибулвуқӯъи президенти Русия ба Тоҷикистон таваҷҷӯҳ зоҳир сохтанд», – гуфт ӯ.




           

Ба гуфтаи Д.Назриев, ҷонибҳо ҳамзамон атрофи масоили минтақавӣ ва байнулмилалии мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн, ҳамкориҳои мутақобила дар доираи СААД ва дигар созмонҳои байнулмилалӣ табодули афкор намуданд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.