Роҳбари ҳайати Ассамблеяи парлумонии САҲА бо намояндагони аҳзобии сиёсии Тоҷикистон мулоқот орост

Душанбе. 15-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар чаҳорчӯбаи сафари худ ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ роҳбари ҳайати Ассамблеяи парлумонии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо Жоао Соареш бо намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон мулоқот орост. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси ҲНИТ Ҳикматулло Сайфуллозода иттилоъ дод, дар мулоқот масоили рушди равандҳои сиёсӣ дар ҷумҳурӣ ва […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 15-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар чаҳорчӯбаи сафари худ ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ роҳбари ҳайати Ассамблеяи парлумонии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо Жоао Соареш бо намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон мулоқот орост.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси ҲНИТ Ҳикматулло Сайфуллозода иттилоъ дод, дар мулоқот масоили рушди равандҳои сиёсӣ дар ҷумҳурӣ ва бахусус мушкилоти омодагӣ ба интихоботи қарибулвуқӯъи парлумонӣ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Жоао Соареш изҳор доштааст, ки ӯ ҷонибдори рақобати солим дар интихобот аст.



Дар мулоқот намояндагони аҳзоби сиёсӣ зикр кардаанд, ки аз ҷониби парлумон дар кишвар то ҳанӯз лоиҳаи пешниҳоднамудаи қонун дар бораи интихобот, ки аз ҷумла бекор кардани гаравпулии интихоботро дар назар дорад, қабул нашудааст. Дар суханронии худ раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ интихоботи қарибулвуқӯъи парлумониро рӯйдоди муҳими сиёсӣ арзёбӣ намуда, изҳор доштааст, ки «он ҳам барои ҳукумат ва ҳам аҳзоби сиёсӣ имтиҳони ҷиддии навбатист».


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.